Article Pages

Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо стандарти асосии ҳуқуқӣ-байналмилалиро дар самти ҳимояи шахсӣ аз зӯроварӣ аз ҷониби давлат ташкил медиҳад. Муқаррароти моддаҳои 1 ва 16-и Конвенсия барои дарки доираи уҳдадориҳои давлатҳо муҳиманд. Мувофиқи қисми 1-и моддаи 1, шиканҷа ҳамчун расонидани дарди шадиди ҷисмонӣ ё равонӣ...

13.04.2026 - 09:53

Унсури муҳими системаи мубориза бо шиканҷа сабти саривақтӣ ва мустақили изҳои зӯроварӣ мебошад. Чунин кафолат дар қонунгузории Тоҷикистон, аз ҷумла дар моддаи 32-и Қонун "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда" пешбинӣ гардидааст. Меъёри мазкур тартиби махсусро барои ҳолатҳое муқаррар мекунад, ки маълумот дар бораи истифодаи зӯроварӣ...

10.04.2026 - 15:39

Татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва Нақшаи амалҳо барои солҳои 2023-2025 аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон боқӣ мемонанд. Дар ин ҳуҷҷатҳо таваҷҷуҳи махсус ба таъмини озодӣ аз шиканҷа ва ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони аз озодӣ маҳрумшуда равона гардидааст. Тавре роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ»...

10.04.2026 - 13:47

Кафолатҳои мурофиавии ҳимоя аз шиканҷа дар мурофиаи ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар уҳдадориҳои байналмилалии кишвар муқаррар гардидаанд. Онҳо ба пешгирии муносибати бераҳмона, таъмини волоияти қонун ва ҳимояи шаъну шарафи инсон равона карда шудаанд. Мувофиқи моддаи 11-и Кодекси мурофиавии...

10.04.2026 - 10:01

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Чораҳои амниятӣ ва дастгирии иҷтимоӣ барои иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ дар кадом асос ва бо кадом тартиб татбиқ ва бекор карда мешаванд? ПОСУХ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии...

09.04.2026 - 16:07

Манъи истифодаи далелҳое, ки бо истифода аз шиканҷа ё дигар усулҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, яке аз унсурҳои асосии ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мурофиаи ҷиноятӣ ба шумор меравад. Дар қонунгузории Тоҷикистон ин кафолат дар моддаи 88-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Тибқи ин меъёр, далелҳое, ки ҳангоми бозпурсӣ ё тафтишоти пешакӣ бо истифодаи зӯроварӣ, фишор, расонидани...

09.04.2026 - 12:02

Манъи шиканҷа яке аз принсипҳои асосии ҳуқуқи муосир буда, хусусияти мутлақ дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини риояи ин принсип назорати прокурорӣ нақши калидӣ мебозад, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва пешгирии қонуншиканиҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шудааст. Асоси ҳуқуқии фаъолияти мақомоти прокуратура Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва...

08.04.2026 - 15:42

Таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳангоми татбиқи чораҳои мурофиавӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Дар ин самт институти боздошт аҳамияти махсус дорад, зеро маҳз дар марҳилаи ибтидоии маҳдуд гардидани озодии шахс хатари нақзи ҳуқуқҳои ӯ, аз ҷумла истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона бештар аст. Аз ин рӯ, муқаррар намудани муҳлатҳои дақиқи боздошти маъмурӣ...

08.04.2026 - 10:08

Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии ҳуқуқи инсон (IPHR) ва бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалисозии лоиҳаи "Дастгирии фаъолиятҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешбурди волоияти қонун барои ҳама дар Тоҷикистон"-ро оғоз кард. Ин ташаббус ба тақвияти нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешбурди адолати судӣ, идоракунии демократӣ ва шартҳои волоияти қонун...

07.04.2026 - 10:30

Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти механизмҳои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таъмини назорати риояи онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор таъсис дода шудааст. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 20-уми марти соли 2008...

06.04.2026 - 12:42

Страницы