Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

18-уми сентябр дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷаласаи байниидоравии гурӯҳи корӣ оид ба масоили ислоҳоти системаи адолати судӣ нисбати кӯдакон баргузор гардид.
Ҷаласаи гурӯҳи корӣ ба шарҳи мухтасари таҷрибаи байналмилалӣ дар самти дастгирии иҷтимоии кӯдаконе, ки аз системаи адолати судии ҷиноятӣ берун шудаанд, бахшида шуда буд. Гузориш аз ҷониби коршиноси байналмилалии Фонди кӯдакони СММ ЮНИСЕФ оид ба кори иҷтимоӣ Нино Ткешелашвили пешниҳод карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки шарҳи мухтасари таҷрибаи байналмилалӣ дар самти дастгирии иҷтимоии кӯдакони аз системаи адолати судии ҷиноятӣ беруншуда аз ҷониби гурӯҳи корӣ мусбат арзёбӣ гардид ва минбаъд ба татбиқи самараноки механизмҳои офиятбахшиву мутобиқсозии иҷтимоии чунин кӯдакон мусоидат хоҳад кард.
Чорабинӣ бо ташаббуси Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Фонди кӯдакони СММ ЮНИСЕФ дар доираи лоиҳаи “Таҳкими ҳайати кадрии хадамоти иҷтимоӣ барои қонеъ намудани талаботи кӯдакони бо қонун дар мухолифат қарордошта” ташкил карда шуд.