Ҳаҷми маблағи ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ, ки ба қурбонии шиканҷа расонида мешавад, чӣ қадар аст?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Ҳаҷми маблағи ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ, ки ба қурбонии шиканҷа расонида мешавад, чӣ қадар аст?

ПОСУХ: Маблағи ҷуброн аз ҷониби суд ба таври инфиродӣ муайян карда мешавад ва аз ду қисм иборат аст - зарари моддӣ ва зарари маънавӣ.

Зарари моддӣ ҳамаи хароҷоти табобат, офиятбахшӣ, даромади аз даст рафта ва арзиши амволи вайроншударо дар бар мегирад. Бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (чекҳо, квитансияҳо, маълумотномаҳо, хулосаҳои табибон) ҷуброн пурра таъмин карда мешавад.

Мувофиқи моддаи 1225-и КГ ҶТ, зарари маънавӣ дар сурати тасдиқи гуноҳ аз ҷониби шахси зараррасонида ҷуброн карда мешавад. Дар моддаи 1226-и КГ ҶТ гуфта мешавад, ки маблағи ҷуброни зарари маънавӣ аз ҷониби суд вобаста ба хусусияти ранҷу азоби ҷисмонӣ ва рӯҳии ба ҷабрдида расонидашуда, инчунин дараҷаи гуноҳи шахси зараррасонида дар ҳолатҳое, ки гуноҳ асос барои ҷуброн аст, муқаррар мегардад. Ҳангоми муайян кардани маблағи ҷуброн бояд талаботи оқилона ва адолат ба назар гирифта шаванд.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj