Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Ҳамватанони гиромӣ!
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шуморо самимона бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик менамояд!
Ин ҷашн рамзи сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамбастагии ҷомеа мебошад. Эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ҳар шахс, волоияти қонун ва адолат заминаи муҳими ваҳдат ва рушди устувори ҷомеа мебошанд.
Ба ҳамаи сокинони Тоҷикистон саломатӣ, осоиштагӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии Ватанро орзумандем!