Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Ҳуқуқдон бошед!
Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.
САВОЛ: Оё давлат барои амалҳои шахсони мансабдоре, ки аз шиканҷа истифода мебаранд, уҳдадории молиявӣ дорад?
ПОСУХ: Бале, дорад. Мутобиқи моддаи 15-и КГ ҶТ, зараре, ки ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар натиҷаи амалҳои (ё беамалии) ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ё шахсони мансабдори онҳо расонида шудааст, бояд аз ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти дахлдор ҷуброн карда шавад.
Принсипи умумии ҷавобгарӣ барои зарар дар моддаи 1190-и КГ ҶТ муқаррар шудааст, ки мувофиқи он зарари ба шахс ё амвол расонидашуда бояд аз ҷониби шахсе, ки онро расонидааст, пурра ҷуброн карда шавад. Аммо, агар зарар аз амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдори онҳо расида бошад, ҷуброн аз ҳисоби давлат пардохт карда мешавад (моддаи 1195-и КГ ҶТ).
Ҳамзамон, дар таҷриба чунин даъвоҳо хеле кам пешниҳод карда мешаванд, ки ин уҳдадории инфиродии молии шахсони гунаҳкорро амалан бекор мекунад ва дар самти роҳ надодан ба шиканҷа таъсири кофии пешгирикунанда намерасонад.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj