Дар Душанбе Муколамаи дуюми сатҳи баланд байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид

26-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми Муколамаи сатҳи баланд байни намояндагони давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ» бо дастгирии Фонди ҳолландии Perspectivity Challenge ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ташкил карда шуд.

Муколама ҳамасола дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мешавад ва ҳамчун як платформаи муҳим барои баррасии созандаи масъалаҳои актуалӣ дар самти ҳуқуқи инсон, табодули таҷриба ва ҳамоҳангсозии тавсияҳои сиёсӣ ва амалҳои муштарак хизмат мекунад.

Ҳадафи асосии чорабинӣ эҷоди механизми устувори ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба масъалаҳои пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона; баланд бардоштани шаффофияти системаи пенитенсиарӣ; таъмини вокуниши муассир ба ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон; иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон мебошад.

Муколама барои таҳлили вазъи кунунӣ, баррасии пешрафт дар татбиқи тавсияҳое, ки дар ҷараёни Муколамаи якум оид ба ҳуқуқи инсон (18-уми октябри соли 2024) таҳия шудаанд, инчунин шиносоӣ бо стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи пешқадам дар самти мубориза бо шиканҷа шароит фароҳам овард.

Миёни иштирокдорон ва нотиқони асосӣ намояндагони воломақоми мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва коршиносони мустақил: Фирӯзи Орзузода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Умед Бобозода, Ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон; Кавилмадам Рамасвами Парвати, намояндаи СММ дар Тоҷикистон; Азамат Шамбилов, модератори байналмилалии вохӯрӣ, директори иҷроияи Маркази байналмилалии рушд ва адолат (CDJI), узви Фонди байналмилалии ҳуқуқи ҷиноятӣ ва пенитенсирӣ (IPPF) ва дигарон ҳузур доштанд.

Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии ҶТ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ бо шарҳи кори мақомоти давлатӣ дар самти татбиқи тавсияҳои қаблан таҳиягардида баромад намуданд.

Ба таҷрибаи байналмилалӣ оид ба ҳуҷҷатгузории самараноки ҳолатҳои шиканҷа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Бо гузориш дар мавзуи татбиқи Протоколи Истанбулӣ Русудан Бериашвили, коршиноси байналмилалӣ аз Гурҷистон баромад намуд.

Дар қисматии дуюми чорабинӣ ҷаласае доир гардид, ки ба таҳлили пешрафт дар татбиқи тавсияҳои дар Муколамаи аввал таҳияшуда бахшида шуда буд.

Баъди қисмати пленарӣ иштирокдорон кори худро дар гурӯҳҳои кории мавзуӣ идома доданд, ки онҷо тавонистанд масъалаҳои мубрами рўзро амиқ баррасӣ карда, тавсияҳои навро оид ба пешбурди ҳуқуқи инсон дар кишвар таҳия намоянд.

NotortureTj