Article Pages

Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон (ЭУҲИ): Ин ҳуҷҷати байналмилалӣ ҳуқуқҳои ҷудонашавандаи ҳар як инсонро, новобаста аз нажод, ранги пӯст, дин, ҷинс, забон, ақидаи сиёсӣ, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ эълом менамояд. Умумият: ЭУҲИ ҳуҷҷати асосӣ дар самти ҳуқуқи инсон буда, ҳамчун роҳнамо барои қонунҳо ва сиёсатҳо ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳам миллӣ хизмат мерасонад. Чорабиниҳои ҳарсола: Ҳар сол...

04.12.2025 - 20:33

1-3-юми декабри соли 2025 ҳуқуқшиносони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (ТҶ «Дунёи ҳуқуқ», ТҶ «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ») дар шаҳри Душанбе машваратҳои ройгони сайёри ҳуқуқӣ гузарониданд. Ин чорабинӣ ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мешавад, бахшида шуда буд ва ҳадафи он баланд бардоштани маълумотнокии...

03.12.2025 - 12:10

Дар ин давраи тағйирот ва пешгӯинашаванда, вақте бисёриҳо ҳиссиёти нобоварӣ, ноумедӣ ва бегонагиро аз сар мегузаронанд, Мавзуи рӯз арзиши ҳуқуқҳои инсонро бори дигар тасдиқ мекунад ва нишон медиҳад, ки онҳо ба инсоният чун пештара манфиат меоранд. Бо кумаки ин чорабинӣ мо талош менамоем таваҷҷуҳи мардумро ба ҳуқуқи инсон тавассути нишон додани таъсири он ба ҳаёти ҳаррӯзаамон, аксар вақт ба...

02.12.2025 - 12:10

Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамасола дар саросари ҷаҳон 10-уми декабр таҷлил мегардад. Он ба санаи қабули яке аз муҳимтарин уҳдадориҳои ҷаҳонӣ дар дунё - Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон бахшида шудааст. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳуқуқҳои ҷудонашавандаи ҳар як инсонро, новобаста аз нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёсӣ ё дигар эътиқод, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ, моликият ё дигар ҳолат эълон кард....

01.12.2025 - 10:03

13 сентябри соли 2025 дар радиои “Ватан” 106.0 FM барнома ба мавзӯи “Озодӣ аз тамға ва табъиз шахсони бо ВНМО зиндагикунанда дар муассисаҳои ислоҳӣ” баргузор гардид. Дар барнома коршиносони Давлатов Балаҷон – духтури сироятшиноси МД «МЧ ВНМО» ва Холмурзаев Мехридин – ҳуқуқшиноси ТҶ “Центр по правам человека” баромад карданд. Барномаро матавонед дар инҷо гӯш кунед: https://hrc.tj/...

27.11.2025 - 14:16

Дар пойтахти Тоҷикистон Форуми III-юми маҳбасҳо - платформаи бузурги миллӣ баргузор гардид, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, судӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро барои баррасии самтҳои афзалиятноки ислоҳоти системаи пенитенсиарии Тоҷикистон муттаҳид намуд. Форум ба рушди пробатсия, офиятбахшии маҳкумшудагон ва пешгирии тундгароӣ бахшида шуда буд. Чорабинӣ барои мубодилаи таҷриба...

27.11.2025 - 12:10

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Оё дар қонунгузории гражданӣ ҳимоя аз шиканҷа ва имконияти ҷуброн пешбинӣ шудааст? ПОСУХ: Дар қонунгузории гражданӣ-ҳуқуқии Тоҷикистон ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона тавассути имконияти пешниҳоди даъвои шаҳрвандӣ...

26.11.2025 - 12:10

  Ташкилоти ҷамъиятии "Ҳуқуқи дастрас", узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ рӯзи 21-уми ноябр оид ба озодӣ аз шиканҷа ва тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ чорабинии иттилоотӣ баргузор намуд. Мулоқот дар шакли омехта (оффлайн ва онлайн) баргузор гардида, дар он тақрибан бист нафар - ҳимоятгарони ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва фаъолон иштирок карданд....

25.11.2025 - 12:10

20-уми ноябри соли 2025 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба масоили ислоҳоти системаи судӣ нисбати кӯдакон баргузор гардид. Ҷаласаи гурӯҳи корӣ ба таҳлили таҷрибаи байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, бо таваҷҷуҳи махсус ба системаи адолати судӣ нисбати кӯдакон ва тартиби дур кардани ноболиғон аз...

25.11.2025 - 12:10

Аз 17 то 19 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе курси серузаи Train-the-Trainer оид ба модели бритониёии P.E.A.C.E. баргузор шуд, ки ба рушди потенсиали миллӣ дар гузаронидани пурсишҳои инсондустона, беозор ва касбӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ равона шудааст. Дар тренинг муфаттишон, намояндагони ВКД, Академияи ВКД ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок доранд. Ин иқдом идомаи мантиқии...

24.11.2025 - 12:10

Страницы