Article Pages

  Ташкилоти ҷамъиятии "Ҳуқуқи дастрас", узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ рӯзи 21-уми ноябр оид ба озодӣ аз шиканҷа ва тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ чорабинии иттилоотӣ баргузор намуд. Мулоқот дар шакли омехта (оффлайн ва онлайн) баргузор гардида, дар он тақрибан бист нафар - ҳимоятгарони ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва фаъолон иштирок карданд....

25.11.2025 - 12:10

20-уми ноябри соли 2025 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба масоили ислоҳоти системаи судӣ нисбати кӯдакон баргузор гардид. Ҷаласаи гурӯҳи корӣ ба таҳлили таҷрибаи байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, бо таваҷҷуҳи махсус ба системаи адолати судӣ нисбати кӯдакон ва тартиби дур кардани ноболиғон аз...

25.11.2025 - 12:10

Аз 17 то 19 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе курси серузаи Train-the-Trainer оид ба модели бритониёии P.E.A.C.E. баргузор шуд, ки ба рушди потенсиали миллӣ дар гузаронидани пурсишҳои инсондустона, беозор ва касбӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ равона шудааст. Дар тренинг муфаттишон, намояндагони ВКД, Академияи ВКД ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок доранд. Ин иқдом идомаи мантиқии...

24.11.2025 - 12:10

13 октябри соли 2025 дар радиои “Ватан” 106.0 FM барнома ба мавзӯи “Дастгирии иҷтимоӣ ва равонии маҳкумшудагони ноболиғ” баргузор гардид. Дар барнома коршиносон Мусаева Зулфия – карманди иҷтимоӣ ФҶ “Ташаббуси ҳуқуқӣ” ва  Каримиён Кутбиддин – равоншинос баромад карданд. Барномаро матавонед дар саҳифаи мо гуш кунед: https://hrc.tj/archives/4367 Барномаи...

23.11.2025 - 12:10

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Дар кадом қонун ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона пешбинӣ шудааст? ПОСУХ: Ҳуқуқ ба ҳимоя аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар якчанд санадҳои меъёрии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст: Конститутсияи Ҷумҳурии...

19.11.2025 - 12:10

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мардуми тоҷикро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16-уми ноябр табрик мегӯяд! Рӯзи Президент дар кишвари мо ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагии мардуми Тоҷикистон дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон...

15.11.2025 - 15:10

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Маҳкумшудагон кадом ҳуқуқҳои мурофиавиро доранд? ПОСУХ: Пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм, маҳкумшудагон ҳуқуқҳои муайянро доранд: - Ҳуқуқ ба шикоят аз болои ҳукм бо тартиби назоратӣ ва пешниҳоди шикоятҳои кассатсионӣ. -...

12.11.2025 - 12:10

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мардуми тоҷикро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 6-уми ноябр табрик мегӯяд! Ин ҷашн рамзи озодӣ, истиқлол ва ваҳдати халқи мо буда, рамзи суботу ободии кишварамон низ ҳаст. Дар ин ҷашн ба ҳар як шаҳрванд барои саҳмгузорӣ дар рушди кишварамон изҳори сипос намуда, ба ҳамагон сулҳу субот, некӣ, рӯзгори обод ва...

06.11.2025 - 09:12

Овезаҳои иттилоотӣ дар доираи Стратегияи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария дар Тоҷикистон (SDC) ва Фонди демократияи СММ (ЮНДЕФ) таҳия шудаанд. https://youtube.com/shorts/FVZWFbI7O8Q             

05.11.2025 - 12:10

Маводи иттилоотӣ мазкур маълумоти умумиро дар бораи ҳуқуқ, ӯҳдадориҳо ва кафолатҳои иҷтимоии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ дар асоси таъкиди муҳимияти қонунҳо, касбият  ва муносибати инсондӯстона дар кори онҳо пешниҳод менамояд.

04.11.2025 - 12:10

Страницы