Тренинг барои кормандони иҷтимоӣ ва равоншиносон

Рӯзҳои 7 ва 8-уми апрел дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи «Атлас» барои кормандони иҷтимоӣ ва равоншиносони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кормандони иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тренинг баргузор гардид.

Ҳадафи тренинг баланд бардоштани сатҳи огоҳии мутахассисон дар мавриди эҳтиёҷоти хоси занон ва кӯдаконе мебошад, ки пас аз раҳоӣ аз маҳбас бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.

Мавзӯи тренинг: «Дастгирии равонӣ-иҷтимоии занон ва кӯдакон дар марҳилаи омодагӣ ба озодшавӣ аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, инчунин дар давраи баъди пенитенсиарӣ».

Тренер Мадина Шарипова қайд кард, ки тренинги мазкур минбари табодули таҷриба байни мутахассисони дар ин самт фаъолиятбаранда буда, барои ба вуҷуд овардани шабакаи устувори дастгирии занону кӯдакон мусоидат менамояд.

Иштирокдорони тренинг бо барномаҳо ва заминаҳои мавҷуда барои дастгирии занон ва кӯдакон, инчунин таҷрибаи беҳтарини кор бо ин аудиторияи мақсаднок шинос шуданд.

Тренинг аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ», Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» бо дастгирии молиявии Фонди демократияи СММ (UNDEF) дар доираи лоиҳаи «Тақвияти тавонмандии ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешбурди ҳуқуқи маҳбусон дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Фонди демократияи СММ гузаронида шуд.