Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Дар моҳҳои оянда назди Тоҷикистон яке аз даврҳои асосии гузоришдиҳӣ меистад - давлат барои пешниҳоди панҷумин гузориш дар бораи иҷрои уҳдадориҳо тибқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо омодагӣ мебинад.
Баррасии гузориш дар моҳи апрели соли 2026 ба нақша гирифта шудааст, аммо ҳуҷҷатҳоеро, ки дар сомонаи СММ нашр шудаанд ва динамикаи ин равандро инъикос мекунанд, ҳоло таҳлил кардан мумкин аст: аз гузоришҳои даврии давлат то рӯйхати саволҳои Кумита ва посухҳои муфассали Тоҷикистон ба онҳо. Дар баробари мавқеи расмӣ гузоришҳои созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии маҳалливу байналмилалӣ мавҷуданд, ки ба таври анъанавӣ унсури амалиро ба баҳс мегузоранд. Гузориши даврии чорум, ки аз ҷониби давлат 21-уми майи соли 2022 пешниҳод шудааст, натиҷаҳои кори Ҳукумат ва мақомоти давлатиро оид ба иҷрои уҳдадориҳо тибқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо, иҷрои мулоҳизаҳои ниҳоии қаблии Кумитаро аз ҷониби онҳо бозгӯ намуда, чораҳои нав барои пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона муайян карда шудаанд.
Гузориш давраи солҳои 2019-2022-ро фаро гирифтаву дорои маълумот оид ба қонунгузории миллӣ, асосҳои ҳуқуқӣ ва чораҳо оид ба пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона буда, инчунин ба тавсияҳои Кумита, ки пас аз гузориши даврии сеюм пешниҳод шудаанд, посух медиҳад. Дар таҳияи ҳуҷҷат мақомоти давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд.
Аз ҷумла, дар ҳуҷҷат зикр гардидааст, ки 24-уми январи соли 2019 Нақшаи миллии амал барои солҳои 2019-2022 оид ба татбиқи тавсияҳои КЗШ тасдиқ карда шуд. Дар гузориш инчунин чораҳои андешидашуда барои навсозии қонунгузорӣ зикр гардидаанд: ҷазоҳо барои шиканҷа сахттар карда шуданд; кафолатҳои ҳуқуқӣ барои боздоштшудагон тақвият дода шуданд; тартиби нигоҳдорӣ ва шароити иҷрои ҷазо аз нав дида баромада шуданд.
Дар доираи ислоҳоти системаҳои пенитенсиарӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ нақшаи корӣ то соли 2030 қабул карда шуд. Мақомоти давлатӣ расман таъкид мекунанд, ки шиканҷа қобили қабул нест ва ҳолатҳои муносибати бераҳмона таҳти назорати прокурорӣ қарор гирифтаанд. Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ҳангоми баррасии гузориши даврии чоруми Тоҷикистон ба давлат рӯйхати саволҳоеро фиристод, ки уҳдадориҳои асосиро тибқи Конвенсияи зидди шиканҷа фаро мегиранд. Саволҳо ҳам ба асосҳои қонунгузорӣ ва ҳам ба татбиқи амалии онҳо дахл доштанд.
Аз ҷумла, Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дархости тафсилотро дар бораи он ки чӣ гуна шиканҷаро кишвар шарҳ медиҳад ва оё шахсони ваколатдор барои он ҷавобгарии ҷиноятӣ доранд, чӣ гуна шикоятҳо тафтиш карда мешаванд ва дастрасӣ ба адвокат ва муоинаи мустақили тиббӣ аз лаҳзаи боздошт таъмин карда мешавад, тақозо намуд.
Кумита инчунин ба шароити нигоҳдорӣ дар СИЗО ва муассисаҳои ислоҳотӣ, истифодаи камераҳои якнафара, табобати сил ва ВИЧ/СПИД, таъсиси механизми мустақили миллии пешгирикунанда ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мониторинг таваҷҷуҳ кард.
Посухҳои Тоҷикистон, ки қисми ҳатмии тартиби гузоришдиҳӣ барои давлатҳои аъзои Конвенсия мебошанд, қисман нопурра буданд. Давлат маълумоти умумиро дар бораи тафтишот ва шароити нигоҳдорӣ бидуни ифшои омори муассисаҳои мушаххас ё риояи воқеии ҳуқуқҳои боздоштшудагон пешниҳод кард. Механизми мустақили миллии пешгирикунанда ҳанӯз таъсис дода нашудааст ва иштироки ТҒД дар мониторинг маҳдуд боқӣ мемонад.
Дар маҷмуъ, Кумита зарурати пешниҳоди маълумоти муфассалтар ва пурзӯр намудани кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони дар боздошт қарордоштаро ба хотири таъмини риояи стандартҳои байналмилалӣ қайд кард.
Кумита чӣ дархост кард?
Таърифи шиканҷа ва ҷавобгарии ҷиноятӣ: дақиқ кардани он, ки оё қонунгузории миллӣ ба моддаи 1-и Конвенсия мувофиқат мекунад ва оё он ҷавобгарии ҷиноятиро ба шахсони ваколатдор барои шиканҷа ва муносибати бераҳмона пешбинӣ менамояд.
Тафтиши шикоятҳо ва беҷазоӣ: омори аризаҳо дар бораи шиканҷа, парвандаҳои оғозшуда, ҳукмҳо ва чораҳои прокурорӣ.
Дастрасӣ ба адвокат ва ёрии тиббӣ: амалияи воқеии таъмини ҳимоя ва муоинаи мустақили тиббӣ аз лаҳзаи боздошт.
Шароити нигоҳдорӣ: аз ҳад зиёд серодам будани СИЗО ва муассисаҳои ислоҳотӣ, хӯрок, шароити санитарӣ-гигиенӣ, сайругашт, табобати сил ва ВИЧ/СПИД.
Изолятсия ва чораҳои интизомӣ: истифодаи нигоҳдории якнафара ва кафолатҳои зидди сӯйистифода.
Мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ: таъсиси механизми мустақили миллии пешгирикунанда мутобиқи Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа.
Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ: иштироки ТҒД дар мониторинг ва ҳимояии ҳуқуқи маҳбусон.
Чӣ беҷавоб монда ё қисман ошкор шудааст?
Омори муфассали тафтишот: давлат танҳо маълумоти умумиро бидуни тақсимот аз рӯи муассисаҳо ва парвандаҳои мушаххас пешниҳод кардааст.
Риояи воқеии ҳуқуқҳо: дар бораи ҳолатҳои таъхири адвокатҳо, муоинаҳои мустақили тиббӣ ва чораҳои мушаххас барои пешгирии шиканҷа маълумот дода нашудааст.
Механизми мустақили миллии пешгирикунанда: таъсиси воқеии ММП ва тасдиқи Протоколи факултативӣ сурат нагирифтааст.
Иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ: маълумот оид ба ҳамгироии ТҒД дар мониторинги доимӣ маҳдуд боқӣ мемонад, маълумот дар бораи тамоми доираи дастрасӣ ва иштирок ифшо карда нашудааст.
Илова ба гузоришҳои ҳукуматӣ, гузоришҳои алтернативии мустақил, ки аз ҷониби ҳуқуқшиносон ва ТҒД омода карда шудаанд, низ нашр мегарданд. Ин имкон медиҳад, ки омори расмӣ бо парвандаҳои воқеӣ пурра карда шавад, мушкилоти системавӣ муайян карда шаванд ва оид ба онҳо ба мақомоти байналмилалӣ гузориш дода шавад. Бояд қайд кард, ки солҳои охир дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ дар доираи ислоҳоти хадамоти пенитенсиарӣ тағйироти мусбат ба амал омадаанд. Аз ҷумла, гурӯҳи мониторингии Эътилофи зидди шиканҷа барои мониторинги мустақил ба муассисаҳои пӯшида ва нимпӯшида дастрасӣ пайдо кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо (Convention against Torture, CAT)-ро 30-юми июни соли 1998 тасдиқ кард ва ин ҳуҷҷат барои кишвар 28-уми июли соли 1998 эътибори қонунӣ пайдо намуд. Пас аз тасдиқ Конвенсия қисми қонунгузории миллӣ гардид ва давлат уҳдадор аст, ки муқаррароти онро дар амалияи худ риоя кунад.
Тасдиқи Конвенсия давлати узвро вазифадор мекунад, ки мунтазам ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар бораи чораҳои андешидашуда барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ гузориш диҳад. Давлатҳо гузоришҳои даврӣ оид ба татбиқи Конвенсияро пешниҳод мекунанд, ки дар онҳо қонунгузории миллӣ, амалия, омори тафтишот, амалияи судӣ дар парвандаҳои шиканҷа, шароити нигоҳдорӣ ва дигар ҷанбаҳо зикр мегарданд.
Ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ҳуқуқ доранд гузоришҳои алтернативӣ пешниҳод намоянд, ки арзёбии мустақилонаи риояи Конвенсия аз ҷониби кишвар, аз ҷумла ҳолатҳоеро, ки дар гузориши давлатӣ фаро гирифта нашудаанд, таъмин мекунанд. Чунин гузоришҳо ба Кумита кумак мерасонанд, ки тасаввуроти пурратар пайдо намояд ва дар марҳилаи баррасии гузоришҳо ба давлат саволҳои иловагӣ диҳад.
Кумитаи зидди шиканҷаи СММ (Committee Against Torture, CAT) - ин мақоми коршиносии СММ буда, аз коршиносони мустақил, ки аз ҷониби давлатҳои аъзои Конвенсия таъин шудаанд, иборат аст. Вазифаи асосии Кумита - назорати риояи уҳдадориҳо аз ҷониби давлатҳо тибқи Конвенсия мебошад. Кумита гузоришҳои давлатҳоро баррасӣ мекунад, саволҳо медиҳад ва тавсияҳову хулосаҳоро бо мушоҳидаҳо барои беҳбуди вазъият таҳия мекунад. Он инчунин шикоятҳои инфиродӣ ва дархостҳоро оид ба чораҳои фаврӣ (агар давлат ин тартибро қабул карда бошад) баррасӣ менамояд ва хулосаҳои он ҳамчун роҳнамои муҳим барои беҳтар кардани амалияи ҳимояи ҳуқуқ дар давлатҳои аъзо хизмат мерасонанд.