Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Ҳуқуқдон бошед!
Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.
САВОЛ: Оё фондҳои махсус ё механизмҳои суғурта барои пардохти ҷуброн ба қурбониёни шиканҷа вуҷуд доранд?
ПОСУХ: Дар сатҳи байналмилалӣ механизми махсусгардонидашуда - Фонди ихтиёрии СММ барои қурбониёни шиканҷа (United Nations Voluntary Fund for Victims of Torture) вуҷуд дорад, ки соли 1981 таъсис ёфтааст. Он аз ҳисоби саҳмгузории ихтиёрии давлатҳо ва шахсони воқеӣ маблағгузорӣ мешавад ва ба қурбониёну оилаҳои онҳо тавассути ТҒД-и аккредитатсияшуда ёрии башардӯстона, ҳуқуқӣ ва молӣ мерасонад. Дар сатҳи миллӣ, дар Тоҷикистон фонди махсусгардонидашудаи давлатӣ барои қурбониёни шиканҷа вуҷуд надорад. Ҷубронпулиҳо мустақиман аз буҷет дар асоси қарори суд пардохт карда мешаванд.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj