Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсиламатолибро дар бораи Мулоҳизаҳои ниҳоии Кумитаи СММ зидди шиканҷа оид ба гузориши даврии сеюми Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
Кумитаи зидди шиканҷа (CAT) аз вазъи равона кардани адолати судӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуд. Сарфи назар аз қабули Барномаи ислоҳоти системаи адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021, дар кишвар норасоии судҳо ва судяҳои махсусгардонидашуда боқӣ мемонад, ҳолатҳои ҷойгир кардани кӯдакон дар камераҳои якнафара, истифодаи ҷазои ҷисмонӣ ва муносибати бераҳмона сабт мешаванд. Ноболиғони дар ҳабс нигоҳдоришаванда аксар вақт ба механизмҳои муассири пешниҳоду баррасии шикоятҳо дастрасӣ надоранд.
Кумита тавсия дод, ки системаи адолати судӣ барои кӯдакон мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ таъсис дода, ҳабси яунафара аз байн бурда шавад, ҳимоя аз муносибати бераҳмона ва ҷазои ҷисмонӣ таъмин гардад, инчунин барномаҳои таълимӣ ва офиятбахшӣ барои коҳиш додани такрори ҷиноят ва мусоидат ба ҳамгироии иҷтимоӣ таҳия карда шаванд. Ҳамзамон тавсия дода шуд, ки ҳабси то судӣ кам карда ва чораҳои ғайриҳабсӣ истифода шаванд.
Кумита аз мавҷуд набудани манъи пурраи ҷазои ҷисмонии кӯдакон дар қонунгузории миллӣ, бахусус дар муассисаҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ кард. Он тағйироти қонунгузориро тавсия дод, ки ба таври возеҳ ҳама гуна ҷазои ҷисмониро манъ кунанд, ҷавобгарии шахсони ваколатдорро барои истифодаи он ё беамалӣ таъмин намоянд ва усулҳои бидуни зӯроварии тарбияро тавассути маъракаҳои омӯзишиву огоҳонии аҳолӣ васеъ созанд.
Ин тавсияҳо ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ва фароҳам овардани шароити бехатар барои тарбия ва таҳсили онҳо дар Тоҷикистон равона шудаанд.