Дар Душанбе оид ба тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ воркшоп баргузор гардид

Рӯзи 24-уми декабр ташкилоти ҷамъиятии "Ҳуқуқи дастрас", узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар мавзуи "Омӯзиши интерактивии тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Тоҷикистон: шарҳи маводҳои омодашуда" воркшоп баргузор кард.

Чорабинӣ дар шакли омехта - онлайн дар платформаи https://meet.jit.si/Freedomfromtorture_Tj ва офлайн дар идораи ташкилот баргузор гардид. Дар чорабинии интерактивии омӯзишӣ тақрибан 25 намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолоне, ки дар самти мубориза бо шиканҷа ва дигар ҳуқуқҳои инсон фаъолият мебаранд, иштирок намуданд.

Ҳадафи чорабинӣ боло бурдани дониши иштирокдорон оид ба стандартҳои озодӣ аз шиканҷа мувофиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ, инчунин инкишоф додани малакаҳои амалии омода кардани маводи иттилоотӣ барои нашр дар воситаҳои ахбори омма буд.

Дар оғози чорабинии интерактивӣ иштирокдорон интизориҳои худ ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашонро баён карданд.

Мавзуи аввал ба мафҳум ва моҳияти озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ - моддаи 1-и Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ ва моддаи 143, эзоҳи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Тренерҳо унсурҳои шиканҷа, мақсад ва субъекти он, инчунин фарқияти шиканҷа аз дигар намудҳои муносибати бераҳмонаро шарҳ доданд.

Мавзуи дуюм ба шарҳи мулоҳизаҳои ниҳоӣ ва тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, инчунин амалияи омода кардани маводҳои иттилоотӣ дар асоси онҳо дахл дошт. Таваҷҷуҳи махсус ба дақиқии ҷобаҷогузориҳо, риояи меъёрҳои ахлоқӣ, ҳифзи манбаъҳои хабар ва пешгирии таҳрифи далелҳо ҳангоми инъикоси тавсияҳои мақомоти байналмилалӣ зоҳир карда шуд.

Дар қисми ҷамъбастии чорабинии интерактивӣ иштирокдорон маводҳои омодакардаи худро барои баҳогузории мутобиқаташон ба стандартҳои муқарраршуда ва нашри минбаъда дар ВАО ба коршиносон пешниҳод карданд. Иштирокдорон инчунин ба саволҳои худ посух ва шарҳҳои иловагӣ гирифтанд.

Ташкилкунандагон зикр намуданд, ки гузаронидани воркшоп ва нашри минбаъдаи маводҳо оид ба тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои ҷомеаи шаҳрвандӣ, шаҳрвандон ва институтҳои давлатӣ аҳамияти муҳим доранд, зеро онҳо ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тақвияти назорати ҷамъиятӣ ва пешбурди принсипи нораво будани шиканҷа ва беҷазоӣ мусоидат менамоянд.

NotortureTj