Шиканҷа ҳамчун ҷинояти вазнин: тасниф ва мушкилоти исбот

Шиканҷа ҳамчун ҷинояти вазнин эътироф карда мешавад, зеро он ҳуқуқҳои асосии инсон - ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафро поймол мекунад. Дар Тоҷикистон ҷавобгарӣ барои истифодаи он дар Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Моддаи 143¹ ("Шиканҷа") дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми апрели соли 2012, №808 ба Кодекси ҷиноятӣ ворид карда шуд. Он барои истифодаи шиканҷа аз ҷониби шахсони мансабдор ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар мекунад. Ҳадди ақали ҷазо тибқи ин модда вобаста ба шароити ҷиноят маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 15 сол аст.

Қабули ин меъёр ба зарурати мутобиқ сохтани қонунгузории миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ, бахусус Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ алоқаманд буд.

Таснифи шиканҷа ҳамчун ҷиноят

Барои таснифи дурусти шиканҷа муқаррар кардани як қатор унсурҳои ҳатмии таркиби ҷиноят зарур аст.

Пеш аз ҳама субъекти ҷиноят муҳим аст. Одатан, онҳо шахсоне ҳастанд, ки вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ доранд: кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони муассисаҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс ва дигар шахсони мансабдор, ки метавонанд назорати воқеии боздоштшуда, гумонбаршуда ё шахси дигарро амалӣ намоянд.

Ҷанбаи объективии ҷиноят дар амалҳое ифода меёбад, ки ба инсон ранҷу азоби шадиди ҷисмонӣ ё рӯҳӣ расонидаанд. Ин метавонад дар латукӯб, истифодаи қувваи барқ, маҳрум кардан аз хоб ё хӯрок, таҳдид, таҳқир ва дигар шаклҳои фишори равонӣ ифода ёбад.

Мақсади шиканҷа низ нишонаи муҳим аст. Аксар вақт он барои гирифтани нишондоди худиқрорӣ ё дигар маълумот, фишор овардан ба гумонбар ё айбдоршаванда, инчунин барои ҷазо додан, тарсонидан ё маҷбур кардани шахс барои анҷом додан ё рад кардани амалҳои муайян истифода мешавад.

Дар амал, шиканҷа аксар вақт тибқи моддаҳои дигари Кодекси ҷиноятӣ, масалан моддаи 354 ("Маҷбур сохтан ба додани нишондод"), моддаи 316 ("Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ") ё моддаи 117 ("Азобу уқубат") тасниф карда мешавад. Аммо, ин таснифот нодурустанд, зеро нисбат ба моддаи 143¹ ("Шиканҷа") ҷазоҳои сабуктарро пешбинӣ мекунанд, ки метавонад боиси баҳодиҳии нодурусти ҳуқуқии кирдори содиршуда гардад.

Мушкилоти асосии исбот

Сарфи назар аз мавҷудияти ҷавобгарии ҷиноятӣ, тафтишоти шиканҷа дар амал бо як қатор мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мегардад.

Яке аз мушкилоти асосӣ пӯшида будани ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ аст. Чунин амалҳо аксар вақт дар шуъбаҳои пулис, тавқифгоҳҳои муваққатӣ ё тафтишотӣ, ки дар онҳо дастрасӣ барои назорати мустақил маҳдуд аст, рух медиҳанд.

Боз як мушкили дигар набудани шоҳидон аст. Ҷабрдида одатан бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо мемонад ва барои ҳамин тасдиқи шиканҷа душвор мегардад. Шоҳидони эҳтимолӣ баъзан аз додани нишондод бо сабаби хатари фишор метарсанд.

Ҳангоми сабти ҷароҳатҳои ҷисмонӣ низ душвориҳо ба миён меоянд. Агар муоинаи тиббӣ сари вақт гузаронида нашавад, нишонаҳои зӯроварӣ метавонанд нопадид шаванд: доғҳо ва дигар ҷароҳатҳо бо мурури замон гум мешаванд.

Ғайр аз ин, ҷабрдидагон аксар вақт бо таҳдидҳо ва фишор рӯ ба рӯ мешаванд, ки аз пешниҳоди шикоят метарсанд. Исботи шиканҷаи равонӣ - таҳдидҳо, таҳқир ва фишори шадиди равонӣ махсусан душвор аст, зеро ба таври ҳуҷҷатӣ сабт намудани чунин шаклҳои зӯроварӣ мушкилтар мебошад.

Шиканҷа ҷинояти вазнин ба шумор меравад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро ба таври ҷиддӣ поймол мекунад. Аз ин рӯ, таснифи дурусти чунин амалҳо, тафтишоти самаранок ва таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои ҷабрдидагон аҳамияти хоса доранд.

NotortureTj