Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Мубориза бо шиканҷа маънои ҳифзи шаъну шарафи инсонро дорад. Қариб се даҳсола аст, ки Тоҷикистон узви Конвенсияи СММ зидди шиканҷа мебошад ва ин маънои онро дорад, ки вазифадор аст мунтазам ба Кумитаи зидди шиканҷа гузориш диҳаду тавсияҳои онро амалӣ намояд. Ин тавсияҳо ба кишвар барои тақвияти системаи адолати судӣ ва пешгирии муносибати бераҳмона бо одамон кумак мерасонанд.
Кумитаи зидди шиканҷа (КЗШ) як ниҳоди шартномавии СММ буда, назорат мебарад, ки чӣ гуна давлатҳо уҳдадориҳои худро тибқи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо иҷро мекунанд.
Ба ҳайати Кумита даҳ коршиноси мустақил шомиланд, ки вазъиятро дар кишварҳои гуногун таҳлил мекунанд ва ба онҳо оид ба такмили қонунгузориву амалия дар ин соҳа тавсияҳо медиҳанд.
Тоҷикистон соли 1995 ба Конвенсия ҳамроҳ шуд ва ин маънои онро дорад, ки мунтазам ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ гузориш медиҳад ва тавсияҳои онро амалӣ мекунад. Иҷро накардани ин тавсияҳо нақзи уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳисобида шуда, ба обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Пас аз баррасии гузоришҳои миллӣ Кумита ба давлатҳо ба истилоҳ "мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ" - ҳуҷҷатеро мефиристад, ки дорои арзёбии вазъият ва пешниҳодҳои мушаххас оид ба тақвияти ҳимоя аз шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибати бераҳмона мебошад.
Тавсияҳои Кумита барои чӣ заруранд?
Тавсияҳои Кумита ба давлатҳо кумак мерасонанд:
- паҳлуҳои заифро дар системаи ҳимоя аз шиканҷа муайян намоянд;
- қонунгузорӣ ва кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро амалӣ созанд;
- мустақилияти системаи судиро мустаҳкам намоянд;
- барои боздоштшудагон кафолатҳо ва барои қурбониён ҳимояи воқеиро таъмин кунанд;
- барои ҷалби шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кӯшиш намоянд.
Илова бар ин, Кумита шикоятҳои инфиродии одамонеро, ки иддао доранд ҳуқуқҳояшон нақз шудааст, баррасӣ мекунад ва инчунин метавонад тафтишоту шикоятҳои байнидавлатиро оғоз намояд.
Нақши махсусро Зеркумита оид ба пешгирии шиканҷа мебозад, ки дар доираи Протоколи факултативӣ ба Конвенсия таъсис ёфта, моҳи июни соли 2006 эътибори қонунӣ пайдо кардааст. Тоҷикистон то ҳол ба Протоколи факултативӣ ба Конвенсия ҳамроҳ нашудааст.
Он ҳақ дорад аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ боздид кунад ва ба кишварҳо дар таъсиси механизмҳои миллии пешгирикунанда (ММП) - мақомоти мустақиле, ки аз шиканҷа дар дохили кишвар пешгирӣ менамояд, кумак расонад.
Чаро ин барои Тоҷикистон муҳим аст?
Кумитаи зидди шиканҷа сеюмин гузориши даврии Тоҷикистонро моҳи майи соли 2018 баррасӣ кард. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа коршиносон Мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ қабул карданд, ки 55 тавсияро дар бораи доираи васеи мавзуҳо, аз тафтиши ҳолатҳои шиканҷа то тақвияти нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бар мегирифтанд.
24-уми январи соли 2019 Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи миллии амал оид ба татбиқи тавсияҳои Кумитаи СММ зидди шиканҷа барои солҳои 2019-2022-ро тасдиқ кард. Ин ҳуҷҷат як қадами муҳим дар самти табдил додани уҳдадориҳои байналмилалӣ ба чораҳои мушаххас дар дохили кишвар гардид. Нақша тақрибан 80 чорабиниро дар бар мегирад, аз ҷумла:
- тафтиши далелҳои шиканҷа ва ҷазо додани шахсони гунаҳкор;
- таъмини дастрасӣ ба адвокати мустақил;
- санҷиши ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва беҳтарсозии шароити нигоҳдорӣ;
- таъсиси механизми мустақили қабул ва баррасии шикоятҳо;
- расонидани ҷубронпулӣ ва офиятбахшӣ ба ҷабрдидагон.
Ба амалисозии Нақшаи миллӣ мақомоти давлатӣ, судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Институти Ваколатдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб карда шудаанд.
Қадам ба сӯйи боварӣ ва адолат
Иҷрои тавсияҳои Кумита - ин на танҳо уҳдадориҳои байналмилалӣ аст.
Ин роҳ ба самти тақвияти адолати судӣ, ҳифзи шаъну шарафи инсон ва барқарор кардани эътимоди шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ аст.
Дар ҷомеае, ки ба эҳтироми ҳуқуқи инсон асос ёфтааст, барои шиканҷа ҷой нест ва татбиқи Конвенсияву тавсияҳои Кумита қадами муҳим ба сӯи бунёди ояндаи осоишта, одилона ва устувор мебошад.