Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи медиатсия”

12-уми сентябр дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи байниидоравии гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи медиатсия” баргузор гардид.

Дар доираи ҷаласа муқаррароти асосии лоиҳаи қонун, инчунин мувофиқ будани ворид кардани муқаррароте, ки истифодаи миёнаравиро барои ноболиғони амалҳои ғайриқонуниро содиркарда танзим менамоянд, баррасӣ шуданд. Дар муҳокима намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва дигар аъзои гурӯҳи корӣ иштирок карданд.

Чорабинӣ бо ташаббуси Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Фонди кӯдакони СММ ЮНИСЕФ дар доираи лоиҳаи “Таҳкими ҳайати кадрии хадамоти иҷтимоӣ барои қонеъ намудани талаботи кӯдакони бо қонун дар мухолифат қарордошта” ташкил карда шуд.

ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ»