Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳодҳо оид ба тарҳи қарор дар бораи ҷуброн ба қурбониёни шиканҷаро баррасӣ карданд

Рӯзҳои 19-20-уми сентябри соли 2025 дар бинои Суди Олии ҶТ ҷаласаи кории дурӯзаи судяҳои Суди Олӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба баррасии лоиҳаи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷуброни зарари маънавӣ ва моддии дар натиҷаи ҷиноятҳои вобаста ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо расонидашуда баргузор гардид.

Қабл аз ин ҳама пешниҳоду тавсияҳои аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятии узви Эътилофи зидди шиканҷа ва муносибати бераҳмона омодагардида барои баррасии минбаъда ба Суди Олӣ пешниҳод шуда буданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокдорон назарҳои пешниҳодкардаи ташкилотҳои ҷамъиятиро, ки ба таъмини механизми возеҳтар барои қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона оид ба гирифтани ҷуброн; таҳкими кафолатҳои ҳимояи судии ҳуқуқҳои ҷабрдидагон; риояи меъёрҳои байналмилалӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон нигаронида шудаанд, муфассал баррасӣ карданд.

Кор дар фазои конструктивӣ гузашт: ҷонибҳо ҳар як таклифро якҷоя таҳлил намуда, шаклҳои эҳтимолии ҳуқуқӣ ва роҳҳои ба матни ниҳоии лоиҳаи Қарор ворид кардани онҳоро муҳокима намуданд.

Аз рӯйи натиҷаи баррасиҳо дар мавриди идомаи кори муштарак оид ба ин санад бо мақсади ворид намудани пешниҳодоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таҳрири ниҳоии лоиҳа мувофиқа шуд. Намояндагони Суди Олӣ омодагии худро ҷиҳати баррасии эродҳои асоснок ва кори самаранок, то ин ки Қарор як воситаи муассири ҳифзи ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа ва дигар бадрафторӣ гардад, изҳор доштанд.

Эътилофи зидди шиканҷа ба Суди Олӣ барои ошкорбаёнӣ ба муколама ва ҳамкорӣ изҳори сипос намуда, аҳамияти идомаи чунин таҷрибаро дар раванди такмили қонунгузории миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон таъкид мекунад.

NotortureTj