Дар Тоҷикистон аксияҳо ва маъракаҳои дастгирии қурбониёни шиканҷа баргузор шуданд: “Муколамаи хомӯшона”, “Шамъи рақамӣ”, Рӯзи дарҳои кушода ва ғайра...

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мешавад, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон як силсила чорабиниҳоро доир намуд, ки ҳадафи онҳо ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти муносибати бераҳмона ва таҳкими талаботи ҷомеа ба адолати судӣ мебошад.

Давоми як моҳ дар саросари кишвар чорабиниҳои иттилоотӣ, муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, ташаббусҳои ҳуқуқӣ ва иқдомҳои ҳамрайъӣ бо ҷабрдидагон гузаронида шуданд. Ин чорабиниҳо як қисми кӯшишҳои умумии ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубориза бо беҷазоӣ ва дастгирии ҷабрдидагон буданд.

Аз ҷумла,

Гӯшаи «Иқтибоси рӯз» - ин садо зидди шиканҷа аст[1], сухане, ки барои тағйирот илҳом мебахшад[2]. Инҳо иқтибосҳои муҳим[3] дар он хусусанд, ки барои чӣ истифодаи шиканҷа мумкин нест[4] - аз онҳое, ки пушти ҳақиқат, инсондӯстӣ ва волоияти қонун меистанд.

«Истифодаи шиканҷа нисбати боздоштшудагони гумонбар дар содир кардани ин ё он ҷиноят, инчунин нафароне, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, барҳам дода ва муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар артиши тоҷик аз байн бурда шаванд».- Рустами Эмомалӣ, Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон[5].

 «Бигзор 100 ҷиноят ошкор нашуда монад, вале ҳеҷ гоҳ бо роҳи шиканҷа ҷиноятро ба касе бор накунед».- Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон[6].

Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа: талошҳои Тоҷикистон барои мубориза бо шиканҷа
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1995 Конвенсияи зидди шиканҷаро қабул кард, аҳамияти мубориза бо ин мушкилотро эътироф намуда, солҳои охир дар самти таҳкими қонунгузорӣ ва механизмҳои институтсионалии ҳифзи ҳуқуқи инсон як қатор тадбирҳо андешид.

Дар арафаи 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа ёдоварӣ аз дастовардҳо ва дар бораи он, ки давлат баҳри пешгирии шиканҷа, таъмини адолати судӣ ва ҳимояи ҷабрдидагон кадом чораҳоро идома медиҳад, муҳим аст. Муфассалтар оид ба талошҳои Тоҷикистон дар матлаби мо: https://notorturetj.org/tj/news/ruzi-baynalmilalii-dastgirii-kurboniyoni-shikancha-taloshkhoi-tochikiston-baroi-muboriza-bo  

«Муколамаи ором дар бораи чизи муҳим»: манъи шиканҷа барои мо чӣ маъно дорад

Дар остонаи таҷлили Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн аъзои Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон андешаҳои шахсии худро дар бораи он ки манъи шиканҷа барои онҳо чӣ маъно дорад, мубодила мекунанд. Ин андешаҳои кӯтоҳ, вале пурзӯр як қисми маъракаи "Муколамаи ором"-анд": https://notorturetj.org/tj/news/mukolamai-orom-dar-borai-chizi-mukhim-mani-shikancha-baroi-mo-chi-mano-dorad  

 Баррасиҳо ва лексияҳо[7]: Ҳуқуқи инсон ва пешгирии шиканҷа[8]

16 ва 17-уми июни соли 2025 бо мақсади амиқ омӯхтани механизмҳои байналмилалӣ ва миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, баррасии амалияи мубориза бо шиканҷа дар самти пешгирии муносибати бераҳмона суҳбату лексияҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва пешгирии шиканҷа дар шакли онлайн баргузор гардиданд. Иштирокдорон беш аз 50 нафар аз ҷумлаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО, ҳимоятгарони ҳуқуқ, адвокатҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор буданд.

 

Сарнавиштҳое, ки наметавон фаромӯш кард...[9]

"Ӯ ба бозпурсӣ рафт ва барнагашт...". Ҳамин гуна оғоз мешавад яке аз 14 ҳикояе, ки Эътилофи зидди шиканҷа дар китоби “Тақдирҳои шикаста, ҳаёти рабуда” гирдоварӣ кардааст: https://notorturetj.org/news/elektronnyy-variant-knigi-slomannye-sudby

 

Рӯзи дарҳои кушода[10]: ёрии ҳуқуқии ройгон ба ҳар як нафар

Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа дар Рӯзи дарҳои кушода бахшида ба масоили ҳимояи ҳуқуқи инсон ба ҳамаи хоҳишмандон ёрии ҳуқуқии ройгон расонид.

Оид ба масоили ҳуқуқҳои гумонбаршудагон ва хешовандони наздики онҳо, ҳуқуқ ба ҳимоя ва дигар ҳуқуқҳои мурофиавӣ ёрии аввалияи ҳуқуқӣ расонида шуд.

Карточкаҳои таҳлилӣ – нишон медиҳанд:[11] доираи[12] мушкилот бо такя ба ҳуқуқи байналмилалӣ, далелҳо[13] ва сарнавиштҳои воқеӣ. Ҳар як[14] далел аз зарурати тағйирот мегӯяд.

Чанд муроҷиат ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд?[15], Кӣ шиканҷаро истифода мебарад?[16], Кӣ қурбонӣ мешавад?[17], Кӣ ба шиканҷа дучор шуд?[18] Ёрии ҳуқуқӣ[19] ва бисёр чизҳои дигарро аз карточкаҳои таҳлилии мо хоҳед донист.

Аксияи «Шамъи рақамӣ»[20] - ҳамрайъӣ бидуни сухан

Бо тағйир додани тасвири профили худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ - онро сиёҳ кардан ё тасвири шамъро илова намудан ба аксияи «Шамъи рақамӣ» пайвастан мумкин аст. Ин ишораи оддӣ, вале пурқувват рамзи дастгирии қурбониёни шиканҷа ва наздикони онҳо гардид. Он суханро талаб намекунад, балки ҳамдардии самимиро нисбати онҳое, ки ба даҳшати бераҳмӣ ва зӯроварӣ дучор шудаанд, ифода мекунад.

Машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ дар шаҳри Душанбе

30-юми июни соли 2025 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа (ҳамасола 26-уми июн таҷлил мегардад) ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар маҳалҳои шаҳри Душанбе машварати сайёри ҳуқуқӣ гузарониданд.

Ҳадафи баргузории чорабинӣ расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба сокинони пойтахт ва суҳбат дар бораи механизмҳои датраси ҳифзи ҳуқуқи инсон, бахусус дар ҳолатҳои шиканҷа, муносибати бераҳмона ва дигар шаклҳои худсарӣ буд.

 
NotortureTj