Баррасиҳо ва лексияҳо: Ҳуқуқи инсон ва пешгирии шиканҷа

Аз 16 то 17-уми июни соли 2025 ҳамарӯза аз соати 10:00 то 12:00 дар платформаи https://meet.jit.si/TortureIsACrimeTJ  баррасиҳо ва лексияҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва пешгирии шиканҷа баргузор гардиданд.

Иштирокдорон беш аз 50 нафар аз ҷумлаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО, ҳимоятгарони ҳуқуқ, адвокатҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор буданд.

Ҳадафи чорабинӣ амиқтар кардани дониши иштирокчиён дар бораи механизмҳои байналмилалӣ ва миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, баррасии таҷрибаи мубориза бо шиканҷа ва ташвиқи иштироки ҷомеа дар пешгирии муносибати бераҳмона буд.

Баррасиву лексияҳо дар мавзуҳои зерин буданд:

- Ҳуқуқи инсон: арзишҳои умумӣ ва уҳдадориҳои ҳуқуқӣ

- Шиканҷа чист: Таърифи ҳуқуқӣ ва оқибатҳои воқеӣ

- Санадҳои байналмилалӣ: Конвенсияи СММ зидди шиканҷа, Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон

- Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди беҷазоӣ

- Намунаҳои миллӣ: мушкилот ва дастовардҳо дар Тоҷикистон

Шаклҳои вохӯрӣ: лексияҳои интерактивӣ бо ҳимоятгарони ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносон, инчунин мини-семинарҳои амалӣ: чӣ гуна шикоят кардан, ба куҷо муроҷиат кардан, ба муносибати бераҳмона чӣ гуна вокуниш нишон додан.

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки аз ҳуқуқшиносони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ гиранд.

#SupportVictimsOfTorture #26June #HumanRights #TortureIsACrime

NotortureTj