Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа: талошҳои Тоҷикистон барои мубориза бо шиканҷа

26-уми июн Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа аст, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ соли 1997 (қатъномаи 52/149) эълон шудааст. Ин сана тасодуфан интихоб нашудааст - маҳз 26-уми июни соли 1987 Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо эътибор пайдо кард.

Ин рӯз ҳамчун ёдоварӣ ба тамоми ҷаҳон хизмат мекунад, ки шиканҷа таҷрибаи қатъиян номумкин аст, ки аз ҷониби ҳуқуқи байналмилалӣ манъ карда шуда, ҳеҷ гоҳ дар ҳеҷ ҳолат сафед карда намешавад.

Иштироки Тоҷикистон дар талошҳои ҷаҳонӣ баҳри бартараф кардани шиканҷа

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1995 Конвенсияи зидди шиканҷаро қабул кард, аҳамияти мубориза бо ин мушкилотро эътироф намуда, солҳои охир дар самти таҳкими қонунгузорӣ ва механизмҳои институтсионалии ҳифзи ҳуқуқи инсон як қатор тадбирҳо андешид.

Дар заминаи 26-уми июн ҳамчун рӯзи байналмилалии ёдбуд ва ҳамрайъӣ бо қурбониён як қатор кӯшишҳои асосии Тоҷикистонро барои пешгирии шиканҷа таъкид кардан лозим аст:

Эътирофи қонунунии шиканҷа ҳамчун ҷиноят: соли 2012 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо моддаи 143 (1) пурра карда шуд, ки он ҷавобгарии алоҳидаи ҷиноятиро барои шиканҷа пешбинӣ мекунад. Ин як қадами муҳим барои мутобиқ кардани қонунгузории миллӣ ба муқаррароти шиканҷа дар моддаи 1 Конвенсияи СММ буд. Ҳамин тариқ, барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки шиканҷа содир мекунанд, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд.

Рушди механизми миллии пешгирӣ: кор оид ба васеъ намудани ваколати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷалби гурӯҳҳои назоратии ҷамъиятӣ ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ идома дорад, ки ҳамчун минбари муҳокимаи ҳолатҳои муносибати бераҳмона ва мониторинги риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла манъи шиканҷа хизмат мекунад. Қобили зикр аст, ки дар соли 2025 мониторинги як қатор муассисаҳои пӯшида аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мусоидати роҳбарияти муассисаҳои пенитенсиарӣ, ки ба шаффофият ва пешгирии шиканҷа дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мусоидат мекунанд, гузаронида шуд.

Омӯзиш ва омодагӣ: бо дастгирии шарикони рушд ва ТҶШ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо ва прокурорҳо оид ба пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона тренингҳо ва дигар чорабиниҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Такмили дониш ба тағйир додани таҷрибаҳои бозпурсӣ ва муносибат бо боздоштшудагон кумак мерасонад.

Гузоришҳои байналмилалӣ: Тоҷикистон ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ гузоришҳои даврӣ пешниҳод кард, дар ГДУ иштирок ва тавсияҳои байналмилалиро қабул мекунад. Хусусан боздиди Гузоришгари вижаи СММ оид ба шиканҷаро дар соли 2012 зикр намудан муҳим аст, ки ин таваҷҷуҳро ба мушкилот бештар кард. Ҳамкорӣ бо механизмҳои байналмилалӣ масъулиятро зиёд мекунад ва ба ислоҳот мусоидат менамояд.

… ва бисёр чизҳои дигар…

Дастгирии қурбониёни шиканҷа: дар ин рӯз ҳамчунин оид ба дастгирии қурбониён суҳбат кардан муҳим аст. Дар Тоҷикистон кори ёрии равонӣ ва ҳуқуқӣ ба шахсоне, ки аз муносибати бераҳмона зарар дидаанд, ҳам тавассути ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунандаи узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва ҳам бо мусоидати сохторҳои байналмилалӣ сурат мегирад.

Чаро ин имрӯз муҳим аст?

26-уми июн на танҳо рӯзи ёдбуд, балки имкони арзёбии пешрафт, сабти мушкилот ва таҳкими ҳамрайъӣ бо қурбониён аст. Барои Тоҷикистон ин як фурсат барои тасдиқи уҳдадории худ ба Конвенсия ва идомаи роҳи таҳкими кафолатҳои ҳуқуқии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ мебошад.

NotortureTj