Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе барои кормандони иҷтимоӣ ва равоншиносони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Аз осебпазирӣ ба боварӣ: муносибати равониву иҷтимоӣ ба кор бо занон ва наврасони қаблан маҳкумшуда» курси 2-рӯзаи омӯзишӣ оғоз гардид.
Дар чорабинӣ тренер-равоншиносони миллӣ, устодони кафедраи равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Қутбиддин Каримиён ва Мадина Шарипова иштирок мекунанд.
Дар рӯзи аввал тренерҳо лексияҳо ва дарсҳои амалиро бахшида ба муносибати равониву иҷтимоии кор бо маҳбусони собиқ гузарониданд.
Ҳадафи тренинг баланд бардоштани сатҳи огоҳии мутахассисон дар бораи эҳтиёҷоти хоси занон ва кӯдаконе мебошад, ки пас аз озодшавӣ аз маҳбас бо мушкили ҳамгироӣ рӯ ба рӯ мегарданд.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Пешбурди ҳуқуқҳои асосӣ: таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти маҳбасҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» аз ҷониби “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ”, ташкилоти фаронсавии Prison Insider бо дастгирии молиявии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва ҳаммаблағгузории Фонди демократияи СММ амалӣ карда мешавад.