Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
13-уми август дар шаҳри Душанбе тренинги дуюм барои адвокатҳо бахшида ба ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа баргузор гардид.
Иштирокдорон механизмҳои ҳифзи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро мутобиқи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ муфассал баррасӣ карданд.
Пас аз баррасии мавзуҳои аввал адвокатҳо ба масоили шикоят кардан аз болои амали (беамалии) мақомоти тафтишот, иштирок дар амалиёти тафтишотӣ ва муайян намудани далелҳои ғайри қобили қабул гузаштанд.
Бахши ниҳоӣ ба малакаҳои амалии адвокатҳо дар марҳилаи тафтишоти парвандаҳои марбут ба шиканҷа бахшида шуд. Иштирокчиён тарзи дурусти баҳсу мунозира ва пешниҳоди дархост оид ба гузаронидани амалиёти тафтишотӣ, дархост дар бораи муоина, пурсиши шоҳидон ва гирифтани далелҳоро муфассал баррасӣ намуда, инчунин стратегияи ҳифзи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар мурофиаҳои судиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми тренинг ба иштирокдорон сертификатҳо тақдим карда шуданд.
Тренинг дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, гузаронида шуд.