Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳуқуқдон бошед!
Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.
САВОЛ: Оё дар кишвари мо ҳастанд адвокатҳое, ки ҳуқуқи қурбониёни шиканҷаро ҳимоя намоянд?
ПОСУХ: Бале, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд адвокатҳои соҳибихтисосе, ки курсҳо ва семинарҳои такмили ихтисосро оид ба мубориза бар зидди истифодаи шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон гузаштаанд, инчунин онҳое, ки таҷрибаи амалии иштирок дар тафтишоти пешакӣ ва мурофиаҳои судии парвандаҳои ҷиноятӣ барои ҳифзи ҳуқуқи шахсонеро, ки дар бораи истифодаи шиканҷа хабар додаанд, доранд. Ба ғайр аз ин, ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқи инсон ҳастанд, ки ба ҳимояи қурбониёни шиканҷа машғуланд. Масалан, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ - иттиҳодияи адвокатҳо ва ҳимоятгарони ҳуқуқ аст, ки ба қурбониёни шиканҷа ёрии ҳуқуқӣ мерасонад ва барои пешгирии шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, инчунин мониторинги муассисаҳои пӯшида ва ҳимояи ҳуқуқи маҳбусонро пеш мебарад.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj