Article Pages

Аз моҳи ноябри соли 2024 то моҳи феврали соли 2025 дар муассисаҳои ислоҳотии ЯС ИУ 3/4 дар шаҳри Душанбе, ЯС ИУ 3/2 дар шаҳри Ваҳдат ва ЯС ИУ 3/8 дар шаҳри Норак дар доираи барномаи мукаммал барои занон ва мардоне, ки барои ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ маҳкум шудаанд, сеансҳои офиятбахшии равонӣ ва динӣ гузаронида шуданд. Ин чорабиниҳо аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» дар якҷоягӣ бо...

13.05.2025 - 14:42

Моҳи марти соли 2025 аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» барои расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба кӯдакон, занон ва мардон дар муассисаҳои ислоҳотӣ 20 адад аптечкаҳои тиббӣ муҳайё карда шуд. Аптечкаҳо ба Раёсати тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд, аз ҷумла 19 адад бевосита ба муассисаҳои ислоҳотии ҷумҳурӣ ва 1 адад ба Раёсати тиббӣ...

12.05.2025 - 14:41

8-уми майи соли 2025 дар меҳмонхонаи «Атлас» чорабинии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бахшида ба баррасии Гузориши алтернативӣ ба Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ баргузор гардид. Гузориши алтернативӣ, ки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шудааст, натиҷаи кори чандинмоҳаи таҳлилӣ ва фаъолияти ҳуқуқҳимоякунӣ аст, ки дар он коршиносон, ҳуқуқшиносон, ҳимоятгарони ҳуқуқ, инчунин намояндагони ташкилотҳои...

12.05.2025 - 11:25

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо бо Рӯзи Ғалаба - 9-уми май табрик мегӯяд! Бигузор далерӣ ва қаҳрамонии марбут ба ин ҷашни бошукӯҳ аз хотири касе наравад. Бигузор рӯҳи ғалаба ба дилҳо илҳом бубахшад, ба сӯи корномаҳо ва муваффақияту дастовардҳои нав ҳидоят намояд. Бигузор фазои сулҳу осоишта ва осмони соф болои сари ҳамаи аҳли сайёра ҳукмрон бошад...

08.05.2025 - 15:29

Рӯзҳои 7 ва 8-уми апрел дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ ва равоншиносони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кормандони иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ баргузор гардид. Мақсади тренинг баланд бардоштани сатҳи огоҳии мутахассисон дар бораи ниёзҳои хоси занон ва кӯдаконе мебошад, ки пас аз озодшавӣ аз маҳбас бо мушкили...

08.05.2025 - 10:41

Овезаҳои иттилоотӣ дар доираи Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария дар Тоҷикистон (SDC) ва Фонди демократияи СММ (ЮНДЕФ ) таҳия шудаанд. Матолиби мазкур бо ду забон - русӣ ва тоҷикӣ дастрасанд.

08.05.2025 - 10:33

Бо гузашти тақрибан ҳафт сол аз марги фоҷиавии сокини вилояти Хатлон Толибҷон Дӯстов дар ин парванда пешрафти деринтизор ба мушоҳида мерасад. Собиқ лейтенанти калони милитсия Маҳмадулло Идиев, ки ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо оқибатҳои вазнин (м. 316, қ. 3-и КҶ ҶТ) гунаҳкор дониста шудааст, вақте аз Русия ба Тоҷикистон бармегашт, ҳангоми убури марзи давлатӣ дар фурудгоҳи Душанбе...

23.04.2025 - 11:47

Мусоҳиба бо Гурӯҳи офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва/ё оилаҳои онҳо: оид ба дард, барқароршавӣ ва умед - Гурӯҳи шумо ба қурбониёни шиканҷа кадом намуди кумакҳоро мерасонад ва чунин кумак дар Тоҷикистон то куҷо дастрас аст? - Гурӯҳи офиятбахшии мо ба одамоне, ки шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву ғайриинсониро аз сар гузаронидаанд, дастгирии ҳамаҷониба мерасонад. Мо кумаки иҷтимоӣ, равонӣ ва...

22.04.2025 - 11:56

Дар Тоҷикистон бо дастгирии ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» барои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия экосистемаи рақамӣ ҷорӣ карда шуд. Дар ин бора Дилноза Қуддусова, корманди ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон” рӯзи 3-юми апрел дар шаҳри Душанбе зимни баромад дар конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба рушди иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, экосистема ба боло бурдани шаффофияти...

21.04.2025 - 17:58

Гурӯҳи расонаии Эътилофи зидди шиканҷа дар бораи нақши калидии журналистика дар пешгирӣ аз шиканҷа, дастгирии қурбониён ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва мақомот ба мушкилоти беҷазоӣ мегӯяд. - Гурӯҳи расонаӣ дар инъикоси ҳолатҳои шиканҷа ва ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон чӣ нақш дорад? - Гурӯҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар инъикоси ҳолатҳои шиканҷа ва ҳифзи ҳуқуқи...

18.04.2025 - 11:57

Страницы