Дастгирии равониву иҷтимоии занон ва кӯдакон дар марҳилаи омодагӣ ба озодшавӣ аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, инчунин дар давраи баъди иҷрои ҷазо

Рӯзҳои 7 ва 8-уми апрел дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ ва равоншиносони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кормандони иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ баргузор гардид.

Мақсади тренинг баланд бардоштани сатҳи огоҳии мутахассисон дар бораи ниёзҳои хоси занон ва кӯдаконе мебошад, ки пас аз озодшавӣ аз маҳбас бо мушкили мутобиқшавӣ рӯ ба рӯ мегарданд.

Мавзӯи тренинг: «Дастгирии равониву иҷтимоии занон ва кӯдакон дар марҳилаи омодагӣ ба озодшавӣ аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, инчунин дар давраи баъди иҷрои ҷазо».

Тренер Мадина Шарипова зикр намуд, ки тренинги мазкур майдони табодули таҷриба байни мутахассисони дар ин соҳа фаъолияткунанда буда, шабакаи устувори дастгирии занон ва кӯдаконро ба вуҷуд меорад.

Иштирокчиёни тренинг бо барномаҳо ва захираҳои мавҷуда барои дастгирии занон ва кӯдакон, инчунин таҷрибаи беҳтарини кор бо ин аудиторияи мақсаднок шинос шуданд.

Тренинг аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ», Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» бо дастгирии молиявии Фонди демократияи СММ (UNDEF) дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешбурди ҳуқуқи маҳбусон дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Фонди демократияи СММ гузаронида шуд.

ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ»