Ба Раёсати тиббии СРИҶҶ ВА ҶТ 20 адад аптечкаҳои мукаммал расонида шуд

Моҳи марти соли 2025 аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» барои расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба кӯдакон, занон ва мардон дар муассисаҳои ислоҳотӣ 20 адад аптечкаҳои тиббӣ муҳайё карда шуд.

Аптечкаҳо ба Раёсати тиббии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд, аз ҷумла 19 адад бевосита ба муассисаҳои ислоҳотии ҷумҳурӣ ва 1 адад ба Раёсати тиббӣ расонида шуд.

Дастгирии мазкур ба таҳкими ҳимоя ва офиятбахшии маҳбусон тавассути тавсеаи дастрасии онҳо ба хадамоти босифати тиббӣ равона шудааст.

Ин ташаббус дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешбурди ҳуқуқи маҳбусон дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Фонди демократияи СММ маблағгузорӣ мешавад, амалӣ карда шуд.

hrc.tj