Татбиқи Протоколи Истанбулӣ дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Протоколи Истанбулӣ дастурамали байналмилалӣ оид ба тафтишот ва ҳуҷҷатгузории самараноки шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона мебошад. Он бо иштироки коршиносон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид таҳия ва соли 1999 муаррифӣ шудааст.

Протокол хусусияти тавсиявӣ дорад, аммо дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун яке аз стандартҳои калидӣ дар самти сабти далелҳои шиканҷа, гузаронидани муоинаҳои тиббӣ ва равонӣ, ҳуҷҷатгузории далелҳо барои мурофиаҳои судӣ ва ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдидагон эътироф гардидааст. Муқаррароти он аз ҷониби ҳуқуқшиносон, мутахассисони тиббӣ, мақомоти тафтишотӣ ва ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.

Ҳадафи асосии татбиқи Протоколи Истанбулӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси системаи объективӣ ва боэътимоди муайянсозӣ ва ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои муносибати бераҳмона ба шумор меравад. Мутобиқи стандартҳои он, на танҳо сабти ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, балки оқибатҳои равонӣ, аз ҷумла ҳолатҳои депрессия, ихтилоли стресси пас аз осеб ва нуқсони маърифатӣ низ талаб карда мешавад. Аз ин рӯ, мутахассисоне, ки дар мурофиаҳои ҷиноятӣ иштирок мекунанд, барои муайян намудани нишонаҳои таъсири ғайриқонунӣ омӯзиши мувофиқ мегузаранд.

Истифодаи равишҳои Протоколи Истанбулӣ аҳамияти заминаи далелҳоро дар парвандаҳои вобаста ба шиканҷа тақвият мебахшад. Нишондодҳое, ки бо нақзи талаботи муқарраршудаи мурофиавӣ ё дар сурати мавҷуд будани нишонаҳои тиббии фишор ба даст оварда шудаанд, бояд мувофиқи стандартҳои қобили қабул будани далелҳо баҳогузорӣ шаванд ва онҳоро боэътимод ҳисобидан мумкин нест.

Ҳамгироии стандартҳои байналмилалӣ инчунин ба рушди механизмҳои назорати мурофиавӣ, аз ҷумла истифодаи сабтҳои аудио ва видеоии амалҳои тафтишотӣ мусоидат мекунад. Мувофиқи моддаи 201-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин усулҳои сабт имкон медиҳанд, ки санҷиши иловагии риояи ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиа таъмин карда шавад.

Таъмини ҳуқуқ ба ҳимоя аҳамияти муҳим дорад. Мувофиқи моддаҳои 46-49-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки ҳимоятгар аз лаҳзаи боздошти воқеӣ кафолати ҳатмии мурофиавӣ ба шумор меравад ва мақомоти тафтишотӣ вазифадоранд, ки имконияти амалисозии онро таъмин намоянд. Истифодаи равишҳои Протоколи Истанбулӣ ба ҷониби ҳимоя имкон медиҳад, ки нишонаҳои таъсири номатлубро муайян созад ва чунин амалҳоро мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун ба баҳс кашад.

Татбиқи Протоколи Истанбулӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, инчунин ҷорӣ намудани механизми аз ҷиҳати илмӣ асоснокро, ки ба таъмини ҳимояи самараноки ҳуқуқи инсон ва пешгирии истифодаи усулҳои номақбул дар мурофиаи ҷиноятӣ равона шудааст, ифода мекунад.

NotortureTj