Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бо дастгирии ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» барои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия экосистемаи рақамӣ ҷорӣ карда шуд. Дар ин бора Дилноза Қуддусова, корманди ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон” рӯзи 3-юми апрел дар шаҳри Душанбе зимни баромад дар конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба рушди иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, экосистема ба боло бурдани шаффофияти системаи пенитенсиарӣ, таҳкими маърифати ҳуқуқии маҳкумшудагон, беҳбуди дастрасӣ ба иттилоот ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои омӯзиш ва шуғл равона шудааст.
Ҷузъи асосии экосистема сомонаи иттилоотӣ шуд, ки дар он маълумоти муҳим оид ба фаъолияти ниҳод нашр карда мешавад. Он барои беҳтар намудани робита бо ҷомеа тавассути фароҳам овардани дастрасии сода ва фаҳмо ба маълумот дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба шаҳрвандон кумак мерасонад. Ба замми ин, дар доираи лоиҳа интернет-мағоза ташкил карда шуд, ки дар он маҳсулоти дар муассисаҳои ислоҳотӣ истеҳсолшуда ба фурӯш гузошта мешаванд - аз мебелу либоса то сувениру маҳсулоти кишоварзӣ. Ин иқдом ба таъмини шуғли маҳкумшудагон мусоидат намуда, ба муассисаҳо имкон медиҳад, ки мустақилона барои эҳтиёҷоти худ маблағ ба даст оранд ва иқтидори истеҳсолии системаи иҷрои ҷазоро мустаҳкам намоянд.
Барои баланд бардоштани тахассуси кормандон платформаи муосири омӯзиши онлайнӣ таҳия карда шуд, ки дар он кормандон метавонанд дар мавзуҳои рӯзмарра - ҳуқуқ, бехатарӣ, равоншиносӣ, менеҷмент ва дигар соҳаҳо омӯзиш гузаранд. Ин ба рушди касбӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои нави кор дар муассисаҳо мусоидат мекунад.
Дар доираи ташаббуси рақамӣ ба огоҳонидани маҳбусон ва кормандон дар бораи ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшон диққати махсус дода мешавад. Мунтазам барномаҳои омӯзишӣ ва тренингҳо гузаронида мешаванд. Дар муассисаҳо маводҳои аёнӣ, аз қабили овезаҳо дар бораи ҳуқуқи кормандон ва лавҳаҳои иттилоотӣ барои маҳбусон, аз ҷумла маълумот дар бораи саломатӣ ҷойгир карда шудаанд. Аз ҷумла, дар МИ №3/4-и шаҳри Душанбе ва МИ №3/8-и шаҳри Норак овезаҳо дар бораи ВНМО ва чораҳои пешгирикунанда насб карда шудаанд.