Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гурӯҳи расонаии Эътилофи зидди шиканҷа дар бораи нақши калидии журналистика дар пешгирӣ аз шиканҷа, дастгирии қурбониён ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва мақомот ба мушкилоти беҷазоӣ мегӯяд.
- Гурӯҳи расонаӣ дар инъикоси ҳолатҳои шиканҷа ва ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон чӣ нақш дорад?
- Гурӯҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар инъикоси ҳолатҳои шиканҷа ва ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон нақши калидӣ дорад. Дар сомона ва саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳои ВАО, ҳуҷҷатҳои барномавӣ, тадқиқот ва мусоҳибаҳо нашр мешаванд, ки таваҷҷуҳро ба ин мушкилот ҷалб менамоянд.
- Ҳангоми таҳия ва нашри мавод оид ба шиканҷа шумо бо чӣ мушкилот дучор мешавед?
- Мушкилоти асосӣ - ин тарси қурбониён ва шоҳидон, рад кардани инъикоси иттилоот бо сабабҳои гуногун ва дастрасии маҳдуд ба маълумоти воқеии шиканҷа мебошад.
- Мақомот ва ҷомеа ба маводҳои нашркардаи шумо чӣ гуна муносибат мекунанд, оё бо ёрии онҳо ба дигаргуниҳои воқеӣ ноил шудан имкон дорад?
- Матолиби нашршуда таваҷҷуҳи ҳам ҷомеа ва ҳам мақомотро ба худ ҷалб мекунанд, ки баъзан боиси оғози тафтишот мегардад. Тибқи Фармони Президент ва Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ» мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки ба маводи интиқодӣ дар ВАО дар муҳлатҳои муқарраршуда вокуниш нишон диҳанд. Дар баъзе мавридҳо маводҳои нашргардида барои оғози тафтишот асос мешаванд.
- Кадом стратегияҳо ва форматҳо барои ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти шиканҷа самараноктаранд?
- Форматҳои муассир форматҳое ҳастанд, ки сарнавишти шахсии қурбониён ва маводҳои таҳлилиро дар бар мегиранд. Мундариҷаи визуалӣ, ба монанди аксҳо, видеоҳо ва инфографика барои ҷалб намудани таваҷҷуҳ кумак мерасонанд. Ҳамкорӣ бо ВАО-и маҳаллӣ ва байналмилалӣ доираи фарогириро васеъ мекунад ва огоҳиро баланд мебардорад.
- Рӯзноманигорон ва ВАО чӣ гуна метавонанд барои мубориза бо беҷазоӣ ва дастгирии қурбониёни шиканҷа саҳм гузоранд?
- Рӯзноманигорон метавонанд дар бораи ҳолатҳои шиканҷа гузориш дода, ба қурбониён шароити садо баланд кардан фароҳам оранд ва ба мубоҳисаҳои ҷамъиятӣ мусоидат намоянд. Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҳуқуқи инсон барои эҷоди манзараи ҳамаҷонибаи мушкилот ва андешидани роҳҳои ҳалли онҳо мусоидат мекунад. Маводҳои нашршуда инчунин барои муайян кардани гурӯҳҳои осебпазир, аз қабили одамони маъюб, ки ба ҳимояи ҳуқуқҳояшон ниёз доранд, кумак мекрасонанд.
Тамос ва василаҳо:
Сомона: notorturetj.org
Шабакаҳои иҷтимоӣ: Facebook, Twitter, YouTube, Telegram, Instagram
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Телефонҳои боварӣ:
Вилояти Хатлон: +992 98 787 66 66
Вилояти Суғд: +992 98 787 33 33
Душанбе ва НТМ: +992 98 708 76 76
Дар сурати нақзи ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ: (+992) 933331703, (+992) 922221803