Омӯзонидани кормандон ва омодагии касбӣ

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсиламатолибро дар бораи Мулоҳизаҳои ниҳоии Кумитаи СММ зидди шиканҷа оид ба гузориши даврии сеюми Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

Кумитаи зидди шиканҷа (CAT) гузориши даврии сеюм (CAT/C/TJK/3)-и Тоҷикистонро баррасӣ карда, мушоҳидаҳои ниҳоиро дар бораи омӯзонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони масъули дар системаи иҷрои ҷазо фаъолиятдошта пешниҳод намуд.

Кумита изҳори нигаронӣ кард, ки омӯзиши Конвенсияи зидди шиканҷа, аз ҷумла манъи мутлақи шиканҷа ва муносибати бераҳмона барои кормандони милитсия, кормандони зиндон, судяҳо, прокурорҳо, кормандони судҳо, адвокатҳо ва хизматчиёни ҳарбӣ ҳатмӣ нест. Инчунин, мавҷуд набудани равиши систематикӣ барои омодагӣ ба тафтиши ҷиноятҳо бидуни маҷбурсозӣ ва бо риояи стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон зикр карда шуд.

Кумита тавсия дод, ки омӯзиш аз рӯйи Конвенсия ва манъи мутлақи шиканҷа барои ҳамаи категорияҳои шахсони масъул ҳатмӣ гардонида шавад. Таваҷҷуҳи махсус бояд ба усулҳои тафтишоти бидуни зӯроварӣ, Кодекси рафтори кормандон ва принсипҳои асосии истифодаи қувва ва силоҳи оташфишон равона карда шавад. Ғайр аз ин, Кумита зарурати таҳияи усулҳо барои баҳогузории самаранокии барномаҳои омӯзишӣ ва мутобиқ кардани онҳо ба ниёзҳои касбии категорияҳои гуногуни кормандонро таъкид намуд.

Татбиқи ин тавсияҳо ба боло бурдани тахассуси кормандон, тақвияти риояи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва пешгирии ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.

NotortureTj