Article Pages

9-уми декабри соли ҷорӣ дар факултаи “Таърих ва ҳуқуқ”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров конфронси илмӣ - амалии “Нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар ташаккули низоми муосири ҳуқуқи инсон ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар татбиқи талаботҳои меъёрҳои байналмилалӣ дар кишвар” баргузор гардид. Чорабиниро декани факулта, дотсент...

09.12.2025 - 11:02

Ҳамасола 10-уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон бо баргузории ҳар гуна барномаҳои маърифатию иттилоотӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳамин рӯзи соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон қабул гардид. Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон имкон медиҳад, ки ҳар сол атрофи ҳуқуқу...

08.12.2025 - 12:10

Дар самти ҳуқуқи инсон нуҳ шартномаи асосии байналмилалӣ вуҷуд доранд. Ҳар яки онҳо кумитаи коршиносонро таъсис додаанд, ки риояи муқаррароти шартномаҳои давлатҳои аъзоро назорат мекунанд. Баъзе шартномаҳо бо протоколҳои факултативӣ, ки ба масъалаҳои мушаххас дахл доранд, пурра карда мешаванд ва дар асоси Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа кумитаи коршиносон таъсис дода шудааст...

08.12.2025 - 12:10

Манъи бозгашти маҷбурӣ ва ихроҷ яке аз уҳдадориҳои асосии байналмилалии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар тавсияҳои худ № 29-30 аз давлат даъват мекунад, ки қарорҳо дар бораи ихроҷи муҳоҷирон қатъиян тибқи қонун, бо риояи тамоми кафолатҳои мурофиавӣ қабул карда шаванд ва афрод ба кишварҳое, ки онҷо хатари шиканҷа ё муносибати бераҳмона ба онҳо таҳдид мекунад, фиристода...

08.12.2025 - 12:10

Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон доираи васеи ҳуқуқ ва озодиҳои асосиеро, ки ҳамаи мо доро ҳастем, дар бар мегирад. Он ҳуқуқҳои ҳар як шахсро дар саросари ҷаҳон, бидуни ягон тафовут, ба монанди миллат, ҷойи истиқомат, ҷинс, баромади этникӣ, забон, дин ё дигар ҳолат кафолат медиҳад. Гарчанде Эъломия барои риоя ҳуҷҷати ҳатмӣ нест, он ба қабули зиёда аз 60 санад дар самти ҳуқуқи инсон, ки стандарти...

06.12.2025 - 12:10

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мегардад, тақвимҳои махсус таҳия намуд. Тақвим дар асоси 30 моддаи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон таҳия шудааст, ки принсипҳои асосии онро ба як воситаи дастрас ва визуалии таълимӣ табдил медиҳад. Ҳамин тариқ, тақвимҳо на танҳо чун як ашёи болои мизи корӣ, балки ҳамчун...

05.12.2025 - 12:10

Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон (ЭУҲИ): Ин ҳуҷҷати байналмилалӣ ҳуқуқҳои ҷудонашавандаи ҳар як инсонро, новобаста аз нажод, ранги пӯст, дин, ҷинс, забон, ақидаи сиёсӣ, баромади миллӣ ё иҷтимоӣ эълом менамояд. Умумият: ЭУҲИ ҳуҷҷати асосӣ дар самти ҳуқуқи инсон буда, ҳамчун роҳнамо барои қонунҳо ва сиёсатҳо ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳам миллӣ хизмат мерасонад. Чорабиниҳои ҳарсола: Ҳар сол...

04.12.2025 - 20:33

3-юми декабри соли 2025 ташкилоти ҷамъиятии "Ҳуқуқи дастрас" (“Доступное право”), узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон викторинаеро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон баргузор намуд. Тақрибан 20 нафар дар ин чорабинӣ иштирок карданд. Ҳадафи он баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ миёни ҷавонон, тақвияти фаҳмиши стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва ташвиқи иштироки...

03.12.2025 - 12:10

Ҳуқуқҳои инсон МУСБАТ ба шумор мераванд Онҳо на танҳо ҳимоя мекунанд, балки ба ҳаёти ҳаррӯза шодӣ, хушбахтӣ ва амният меоранд. Ҳуқуқи инсон - ин воқеияти зинда аст. Ҳуқуқи инсон - ин ғизоест, ки мо тановул мекунем ва ҳавое, ки нафас мекашем, суханоне, ки ба забон меорем, имкониятҳое, ки амалӣ месозем ва механизмҳои муҳофизатие, ки амнияти моро таъмин мекунанд. Ҳуқуқҳои инсон ЗАРУРӢ ба шумор...

03.12.2025 - 12:10

1-3-юми декабри соли 2025 ҳуқуқшиносони Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (ТҶ «Дунёи ҳуқуқ», ТҶ «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ») дар шаҳри Душанбе машваратҳои ройгони сайёри ҳуқуқӣ гузарониданд. Ин чорабинӣ ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мешавад, бахшида шуда буд ва ҳадафи он баланд бардоштани маълумотнокии...

03.12.2025 - 12:10

Страницы