Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои инсон ҳангоми бозпурсӣ вебинар баргузор намуд

16-уми июни соли 2026 Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон ҳангоми бозпурсӣ: кафолатҳои ҳуқуқӣ ва ҳудуди амалҳои иҷозатдодашуда» вебинар баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи тадбирҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мешавад, доир гардид.

Вебинар дар платформаи Jitsi Meet дар шакли амн баргузор гардида, барои иштирокдорон имконияти иштироки беном ва пешниҳоди саволҳоро дар вақти воқеӣ фароҳам овард. Бо мақсади таъмини махфияти иштирокдорон сабти чорабинӣ анҷом дода нашуд.

Ҳадафи чорабинӣ шинос намудани иштирокдорон бо стандартҳои миллӣ ва байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон ҳангоми гузаронидани бозпурсӣ, инчунин шарҳ додани механизмҳои ҳуқуқии пешгирии таъсири ғайриқонунӣ нисбати иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ буд.

Дар вебинар 25 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносони ҷавон, ҳимоятгарони ҳуқуқ, рӯзноманигорон, фаъолон ва дигар шахсони манфиатдор иштирок карданд.

Дар рафти чорабинӣ кафолатҳои конститутсионии ҳимояи шаъну шарафи шахс, инчунин муқаррароти қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби гузаронидани бозпурсиро танзим намуда, ҳимоя аз муносибати бераҳмона ва шиканҷаро таъмин мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба маҳдудиятҳои қонунгузорӣ вобаста ба давомнокии бозпурсӣ, тартиби танаффусҳо ва манъи гузаронидани амалҳои тафтишотӣ шабонгоҳӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, равона карда шуд. Иштирокдорон дар бораи ҳуқуқи зидди худ ва хешовандони наздики худ нишондод надодан, инчунин оид ба ҳуқуқи истифода бурдан аз ёрии адвокат аз лаҳзаи боздошти воқеӣ маълумот гирифтанд.

Кафолатҳои мурофиавие, ки барои ноболиғон пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла иштироки ҳатмии омӯзгор, равоншинос ё намояндаи қонунӣ ҳангоми гузаронидани амалҳои тафтишотӣ алоҳида баррасӣ гардиданд.

Дар доираи вебинар меъёрҳои фарқгузорӣ байни усулҳои қонунии ба даст овардани маълумот ва амалҳое, ки ҳуқуқи инсонро нақз мекунанд, баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки истифодаи шиканҷа, таҳдид, фишори равонӣ ва дигар шаклҳои маҷбурсозӣ мувофиқи қонунгузорӣ қатъиян манъ буда, боиси оқибатҳои дахлдори ҳуқуқӣ мегардад.

Ба иштирокдорон инчунин оқибатҳои нақзи меъёрҳои мурофиавӣ, аз ҷумла ҳамчун далелҳои ғайри қобили қабул эътироф шудани маълумоти бадастомада ва таъсири манфии чунин қонунвайронкуниҳо ба таъмини мурофиаи одилонаи судӣ шарҳ дода шуданд.

Дар анҷоми вебинар баррасии масъалаҳои амалии марбут ба татбиқи ҳуқуқ ба ҳимоя ҳангоми бозпурсӣ сурат гирифт. Иштирокдорон ба саволҳои барояшон ҷолиб посух гирифта, дониши худро оид ба механизмҳои ҳимояи ҳуқуқ дар мурофиаи ҷиноятӣ васеъ намуданд.

Чорабинии баргузоршуда ба боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии иштирокдорон ва таҳкими дарки муҳимияти риояи ҳуқуқи инсон дар ҳама марҳилаҳои мурофиаи ҷиноятӣ мусоидат намуд.

NotortureTj