Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

30-31-уми июли соли 2026 дар шаҳри Гулистон, дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Истифодаи чораҳои алтернативии ба маҳрумият аз озодӣ марбут набуда нисбати ноболиғон» тренинги омӯзишӣ баргузор мегардад.
Чорабиниро директори Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохонзода Асомиддин ва директори Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» Раҳмонова Гулчеҳра ифтитоҳ менамоянд.
Дар тренинг судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок мекунанд.
Омӯзишро тренерон Бобохонзода Асомиддин ва Пулодӣ Мавҷуда баргузор менамоянд.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Пешбурди ҳуқуқҳои асосӣ: таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии шиканҷа ва табдили маҳбасҳо бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» гузаронида мешавад, ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ва ташкилоти фаронсавии Prison Insider, бо дастгирии молиявии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Чорабинӣ ҳамчунин бо маблағгузории муштараки Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар доираи лоиҳаи «Таҳкими истифодаи чораҳои алтернативии ҷазо ва пешбурди адолати судии дӯстона нисбати кӯдакон дар Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.