Ба сокинони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ёрии ҳуқуқии ройгон расонида шуд

18-уми июни соли 2026 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа (26-уми июн) Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба сокинони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чорабинии сайёр баргузор кард. Машваратҳо ба боло бурдани огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии тахассусӣ, инчунин маълумотнок сохтан дар бораи механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва роҳҳои барқарор кардани ҳуқуқҳои нақзгардида равона шуданд.

Дар рафти чорабинӣ 15 нафар шаҳрвандон ёрии ҳуқуқии ройгон гирифтанд. Сокинони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо суолҳо вобаста ба масоили ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва манзилӣ, қонунгузории оилавӣ, муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳо, ба даст овардани хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин шикоят аз амалҳо ва қарорҳои шахсони мансабдор муроҷиат карданд.

Ҳуқуқшиносон қонунгузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ доданд, барои омода кардани муроҷиатҳо ба мақомоти давлатӣ ёрии машваратӣ расониданд ва оид ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон тавсияҳои амалӣ пешниҳод намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба таъмини дастрасӣ ба адолат ва механизмҳои ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони дар вазъияти душвори зиндагӣ қарордошта равона карда шуд.

Иштирокдорони чорабинӣ аҳамияти чунин машваратҳои сайёрро бахусус барои сокинони минтақаҳои дурдасте, ки дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии тахассусӣ маҳдуд аст, зикр намуданд. Бисёре аз шаҳрвандон ба идома додани гузаронидани чунин чорабиниҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, зикр намуданд, ки маълумоти гирифтаашон барои дарки беҳтари ҳуқуқҳо ва тартиби амалӣ кардани онҳо ёрӣ расонидаанд.

Бо мақсади риояи махфият ва таъмини бехатарии муроҷиаткунандагони алоҳида, баъзе иштирокдорон бо дархости онҳо акс гирифта нашуданд.

Гузаронидани чорабинии сайёр ба боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тақвияти эътимоди шаҳрвандон ба механизмҳои ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқи инсон ва васеъ кардани дастрасии сокинони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ёрии ҳуқуқии тахассусӣ мусоидат намуд.

NotortureTj