Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

19-уми июни соли 2026 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа (26-уми июн) Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор чорабиниеро барои расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба аҳолӣ баргузор кард.
Ҳадафи асосии чорабинӣ таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии тахассусӣ, боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин маълумотноксозӣ дар бораи механизмҳои мавҷудаи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон буд. Дар рафти машваратҳои сайёр ба 12 нафар шаҳрвандон ёрии ҳуқуқӣ расонида шуд.
Иштиродорони чорабинӣ оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ гирифтанд. Саволҳои маъмултарин ба муносибатҳои ҳуқуқии замин, бақайдгирии амволи ғайриманқул, гирифтан ва барқарор кардани ҳуҷҷатҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, таъмини нафақа, инчунин тартиби муроҷиат ба мақомоти давлатӣ ва шикоят аз амалҳои шахсони мансабдор марбут буданд.
Ҳуқуқшиносон меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ доданд, барои омода кардани ҳуҷҷатҳо ва муроҷиатҳои зарурӣ ёрии машваратӣ расониданд, инчунин оид ба амалҳои минбаъда баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аризадиҳандагон тавсияҳо пешниҳод намуданд.
Шаҳрвандон ба гирифтани маълумоти ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд ва фаъолона саволҳои марбут ба татбиқи амалии қонунгузориро пешниҳод карданд. Бисёре аз иштирокдорон зикр намуданд, ки чунин чорабиниҳои сайёр имкон медиҳанд, то онҳо бидуни хароҷоти иловагии молиявӣ ва зарурати муроҷиат ба муассисаҳои мухталифи давлатӣ ёрии ҳуқуқии саривақтиву босифат бигиранд.
Бо мақсади риояи махфият ва пешгирии паҳншавии маълумот дар бораи муроҷиат барои ёрии ҳуқуқӣ, иштирокдорони чорабинӣ хоҳиш карданд, ки онҳоро акс нагиранд.
Аз рӯйи натиҷаҳои чорабинӣ шаҳрвандон ба ҳуқуқшиносон барои дастгирии ҳуқуқӣ ва шарҳҳои дастраси масъалаҳои мураккаби ҳуқуқӣ изҳори сипос намуданд.