Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Ҳуқуқшиносони ташкилотҳои аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба аҳолӣ дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон дар шаҳрҳои Бохтар (6-7-уми январ) ва Хуҷанд (9-10-уми январ) ёрии ҳуқуқии аввалияи ройгон расониданд. Дар маҷмуъ, тақрибан 50 нафар ёрии ҳуқуқӣ гирифтанд.
Ҳадафи чорабиниҳо расонидани ёрии аввалияи ҳуқуқӣ ба аҳолӣ ва боло бурдани огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла дар масъалаҳои дастрасӣ ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва механизмҳои барқарорсозии ҳуқуқҳои нақзшуда буд.
Дар рафти машваратҳо сокинон бо суолҳо дар мавриди масоили хислати ҳуқуқӣ-шаҳрвандӣ дошта, аз ҷумла мавзуҳои ҷубронпулӣ ва офиятбахшӣ, дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии касбӣ, инчунин ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолатҳои истифодаи шиканҷа, муносибати бераҳмона ва зӯроварӣ дар оила муроҷиат намуданд.
Қисми муҳими дархостҳо ба ҳуқуқи манзил, бо дарназардошти вазъи занон ва духтарон дахл доштанд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба ҳуқуқ ба манзил, ҳимоя аз табъиз, ҳуқуқи оилавӣ ва манзили меросӣ, ҳуқуқи занон ҳангоми ҷудошавӣ, ҷубронпулӣ ва кӯчонидан ба манзили дигар ҳангоми вайрон кардани манзил, дастрасӣ ба манзили иҷтимоӣ, тақсими амвол, инчунин ҷанбаҳои молиявӣ-иқтисодии ҳуқуқи манзил, бо шумули қарздиҳии ипотекӣ, барномаҳои имтиёзнок ва иштирок дар сохтмони муштарак баррасӣ гардиданд.
Аз ҷониби ҳуқуқшиносон машваратҳои ибтидоии ҳуқуқӣ пешниҳод гардид, меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ шарҳ дода шуданд, тавсияҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои нақзшуда муаррифӣ гардида, инчунин механизмҳои ҳимояи судӣ ва ғайрисудӣ фаҳмонида шуданд.
Таҳлили муроҷиатҳо мавҷудияти мушкилоти системавиро дар қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқ муайян намуд, ки барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар доираи Шарҳи даврии универсиалӣ ва Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиманд.
Аз рӯйи натиҷаҳои чорабиниҳо муайян гардид, ки сарфи назар аз баробарии расмии ҳуқуқҳои дар қонун муқарраршуда, рӯ ба рӯ гардидани занон ва духтарон бо монеаҳои ҳуқуқистифодабарӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, бахусус дар ҳолатҳои вайрон кардани манзил, баҳсҳои мерос, набудани ҳуҷҷатҳои татбтиқкунандаи ҳуқуқ ва вобастагии молиявӣ идома меёбад. Муносибати гендерӣ ба сиёсати манзилии давлатӣ ба қадри кофӣ ворид нашудааст, дастрасии занон ба манзили иҷтимоӣ ва муваққатӣ, аз ҷумла барои қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ бошад, маҳдуд боқӣ мемонад.
Масъалаҳои асосӣ иборатанд аз набудани манъи возеҳи табъизи ҷинсӣ дар қонунгузории манзил ва кафолатҳои махсус барои занони дорои фарзанд, занони дорои маъюбӣ ва қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ ҳангоми тахриб, кӯчонидан ва мерос. Омилҳои иқтисодӣ, аз ҷумла камбизоатӣ, даромади паст ва сатҳи пасти саводнокии молиявӣ низ ҳамчун монеаҳои мавҷуда боқӣ мемонанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои кор аз ҷониби ҳуқуқшиносон тавсияҳое таҳия карда шуданд, ки ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷриба, аз ҷумла ворид сохтани тағйирот ба Кодекси манзил, васеъ намудани дастрасии гурӯҳи занони осебпазир ба манзили иҷтимоӣ, барномаҳои ипотекӣ ва имтиёзнок, инчунин боло бурдани саводнокии ҳуқуқӣ ва молиявӣ нигаронида шудаанд.
Мувофиқи ҳисобот, татбиқи ин тавсияҳо ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар доираи ШДУ ва CEDAW ва тақвияти ҳимояи ҳуқуқи манзилии занон ва духтарон мусоидат хоҳад кард.