Тренингҳо оид ба таҳқиқи ҳолатҳои шиканҷа барои прокуророн рӯзҳои 15–16 январ дар шаҳри Бохтар идома меёбанд.

Гулчеҳра Холматова, директори ташкилоти ҷамъиятии "Дунёи ҳуқуқ" қайд кард: "Пешгирии шиканҷа бидуни кори ҳамоҳанг ва касбии ҳамаи иштирокчиёни низоми адлия ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, лоиҳа ҳамчун як занҷири ягонаи омӯзишӣ - аз судяҳо ва адвокатҳо то прокурорҳо - сохта шудааст. Ин ба рушди фаҳмиши умумии стандартҳо, забони ягонаи касбӣ ва амалияҳои устувор барои ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон мусоидат мекунад."

Чорабини дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, доир мегардад.

ТЧ "Дунёи ҳуқуқ"