Article Pages

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Оё шахси боздоштшуда пас аз боздошт ҳуқуқ ба муоинаи тиббӣ дорад? ПОСУХ: Бале, шахси боздоштшуда пас аз боздошт фавран ҳуқуқ ба муоина ва ёрии тиббӣ дорад (м. 46, м. 94 КМҶ ҶТ, м. 20 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»)....

03.03.2026 - 21:12

Дар соли 2022 дар доираи даври сеюми Шарҳи универсалии даврии Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсон як қатор тавсияҳо қабул карда шуданд, ки ба пурзӯр намудани кафолатҳои манъи комили шиканҷа ва тақвияти волоияти ҳуқуқ равона гардидаанд. Маҷмӯи ин тавсияҳо барномаи мутамаркази ислоҳоти ҳуқуқӣ ва институтсионалиро ташкил медиҳад, ки ба пешгирии шиканҷа, таъмини таъиноти ҷавобгарӣ ва рушди механизмҳои...

02.03.2026 - 10:57

Мушкили шиканҷа яке аз масъалаҳои мубрам дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон боқӣ мемонад. Дар моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст: «Дахлнопазирии шахсиро давлат кафолат медиҳад. Ҳеҷ кас набояд ба шиканҷа, бераҳмӣ ва муносибати ғайриинсонӣ дучор гардад. Таҷрибаҳои маҷбурии тиббӣ ва илмӣ нисбати одамон манъ аст». Барои таъмин кардани адолат ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани...

01.03.2026 - 11:20

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Ҳангоми боздошт кадом кафолатҳои ҳимоя аз шиканҷа пешбинӣ шудаанд? ПОСУХ: Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа ё муносибати бераҳмона қарор гирад, далелҳое, ки тавассути истифодаи онҳо ба даст оварда шудаанд, қобили қабул ҳисобида намешаванд (м...

24.02.2026 - 16:00

Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти матбуотии ахир хабар дод, ки дар соли 2025 ба мақомоти прокуратура панҷ ариза аз ҷониби шаҳрвандон оид ба шиканҷа нисбаташон аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ворид гардидааст. "Дар соли 2025 панҷ ариза аз ҷониби шаҳрвандон дар бораи он ворид гардид, ки нисбати онҳо аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шиканҷа истифода...

23.02.2026 - 16:05

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мардуми тоҷикро бо Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон - 23-юми феврал табрик мегӯяд! Бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ҳамдиёрон ва дӯстону бародарони гиромиқадрро табрику таҳният мегӯем. Идатон муборак, родмардону далерони Ватан!                  ...

23.02.2026 - 10:39

Манъи шиканҷа дар моддаи 2-и Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ муқаррар шудааст ва хусусияти мутлақ дорад. На вазъияти фавқулода, на мубориза бо ҷинояткорӣ ва на дигар ҳолатҳо наметавонанд муносибати бераҳмонаро сафед кунанд. Аммо, танҳо як манъи расмӣ кофӣ нест. Ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф мекунад, ки пешгирии шиканҷа назорати доимӣ, системавӣ ва мустақилро талаб мекунад. Маҳз барои ҳамин Протоколи...

20.02.2026 - 11:39

Манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона яке аз чанд меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аст, ки ҳатто дар ҳолатҳои фавқулода ягон истисно ё гузаштро иҷозат намедиҳад. Ин манъсозӣ хусусияти мутлақ дошта, ба ҳама шаклҳои зӯроварӣ, новобаста аз он ки аз ҷониби кӣ ва дар кадом шароит содир мешаванд, татбиқ мешавад. Дар ин баробар, таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки занону духтарон бо шаклҳои мушаххаси...

19.02.2026 - 10:23

Шарҳи мазкур дар асоси тавсияҳои даври сеюми Шарҳи даврии универсалӣ[1] ва мулоҳизаҳои хотимавии мақомоти шартномавии СММ - Кумитаи ҳуқуқи инсон[2], Кумитаи зидди шиканҷа[3], Кумита оид ба ҳуқуқи кӯдак[4], Кумита оид ба ҳимояи тамоми меҳнаткашон - муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳо[5], Кумита оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон[6] ва Кумита оид ба барҳам додани табъизи нажодӣ[7] - дар қисми...

18.02.2026 - 13:23

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Оё мақомоти тафтишотӣ вазифадоранд, ки далелҳои шиканҷаро бе аризаи ҷабрдида санҷанд? ПОСУХ: Бале, мақомоти тафтишотӣ вазифадоранд, ки далелҳои шиканҷаро санҷанд ва тафтиш кунанд, агар онҳо аз ВАО, шаҳодаткунонии тиббӣ, судҳо, адвокатҳо,...

16.02.2026 - 14:18

Страницы