Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Тренинг аз ҷониби ТҶ "Дунёи ҳуқуқ" дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Роҳ ба сӯи адолат: тақвияти ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ" бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ташкил карда шуд.
Барномаи тренинг ба амалия нигаронида шуда, масъалаҳои тафтишоти шиканҷа ва муносибати бераҳмона, вокуниши мурофиавӣ, ҳамкории байниидоравӣ, инчунин истифодаи стандартҳои байналмилалӣ ва миллиро дар фаъолияти мақомоти прокуратура фаро гирифт.