13-14 января дар шаҳри Душанбе тренинги дурӯза барои прокуророни Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки ба масъалаи тафтишоти шиканҷа ва муносибати бераҳмона бахшида шудааст.

Тренинг аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шуд.

Барномаи омӯзишӣ ба таҷриба нигаронида шуда, масъалаҳои таҳқиқи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро, вокуниши мурофиавӣ, ҳамкории байниидоравӣ, инчунин татбиқи стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар фаъолияти мақомоти прокуратура дар бар мегирифт.

 

 

 

ТҶ «Дунёи ҳуқуқ»