Сокинони Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов кумаки ройгони ҳуқуқӣ гирифтанд

Ташкилоти ҷамъиятии «Ибтидо» - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ду машварати ҳуқуқии сайёр - дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ​​(18-уми ноябр) ва шаҳри Истаравшан (21-уми ноябр) баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи маъракаи 30-рӯзаи «Озодӣ аз шиканҷа - ҳуқуқи мутлақи инсон. 10 сол - барои озодӣ аз шиканҷа!” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мегардад, гузаронида шуд.

Ҳамин тариқ, рӯзи 18-уми ноябр дар ҷамоати Ғулакандоз (Ҷаббор Расулов) мардуми маҳаллӣ кумаки ҳуқуқӣ гирифтанд. Ҳамагӣ 14 машварат дода шуд, ки асосан аз рӯи чунин масъалаҳо буданд: 3 - масъалаҳои оилавӣ (афзоиши алимент, тақсими молу мулк, ҷудошавӣ); 3 - масоили замин; 5 - ҳуқуқҳои соҳибкорон, санҷишҳо аз ҷониби мақомоти танзимкунанда; 2 - масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд (истифодаи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳо).

21-уми ноябр дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 24 нафар тавонистанд машварати ройгони ҳуқуқӣ бигиранд. Ҳамагӣ 24 машварат дода шуд: 11-то вобаста ба масоили оилавӣ; 8 адад дар масъалаҳои замин ва 5-то оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ.

Ҳамаи муроҷиаткунандагон машваратҳои ройгони ҳуқуқии тахассусӣ, инчунин воситаҳои тамос бо адвокатҳо ва ташкилотҳоро гирифтанд, то дар оянда барои кумаки ҳуқуқӣ муроҷиат карда тавонанд.