Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Ҳуқуқдон бошед!
Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.
САВОЛ: Нисбати шахсони ҳимояшаванда, аз ҷумла қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва хешовандони онҳо кадом чораҳои бехатарӣ метавонанд татбиқ гарданд?
ПОСУХ: Мувофиқи моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», нисбати шахси ҳимояшаванда метавонанд якбора як ё якчанд чораҳо татбиқ карда шаванд. Онҳо иборатанд аз: ҳимояи шахсӣ, ҳимояи манзил ва амвол, таҷҳизоти махсуси муҳофизатӣ ва алоқа, таъмини махфият, кӯчидан, иваз кардани ҳуҷҷатҳо, тағйир додани намуди зоҳирӣ, иваз кардани кор ё таҳсил, ҷойгиршавии муваққатӣ дар ҷойи бехатар, инчунин чораҳои иловагӣ барои афроде, ки дар ҳабс қарор доранд. Баъзе чораҳо (масалан, тағйир додани намуди зоҳирӣ ё ҳуҷҷатҳо) танҳо дар парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин татбиқ карда мешаванд.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj