Семинар: "Инъикоси озодӣ аз шиканҷа ва дигар шаклҳои бадрафторӣ тибқи Нақшаи миллии амалҳо дар ВАО " дар ВМКБ

Муҳтарам рӯзноманигорон ва намояндагони ВАОи ВМКБ!

Ташкилоти ҷамъиятии "Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон", ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, намояндагони ВАО ва рӯзноманигорони ВМКБ, ш Хоруғ (журналистони ВАО-и давлатӣ ва мустақил, кормандони хадамоти матбуот, телевизион, радио, блогерҳо ва фрилансерҳои ВАО) ба семинар: "Инъикоси озодӣ аз шиканҷа ва дигар шаклҳои бадрафторӣ тибқи Нақшаи миллии амалҳо дар ВАО ", ки 21 октябри 2021 сол дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад, даъват менамояд. 

Омӯзиш ба такмили малакаҳои журналистӣ дар инъикоси озодӣ аз шиканҷа ва дигар муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф нигаронида шудааст.

Ба иштирокчиёни семинар инчунин тавсияҳо ва воситаҳо барои муоширати муассир бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои манфиатҳои қурбониёни шиканҷа ва оилаҳои онҳо, омодасозии маводи журналистӣ оид ба «парвандаҳои шиканҷа», ки дар якҷоягӣ бо адвокат ё ҳуқуқшинос кор мекунанд, пешниҳод карда мешаванд. 

Ҳар як иштирокчӣ имкон дорад як маводро барои нашри минбаъда дар медиаресурси шахсӣ ва/ё вебсайти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон https://notorturetj.org дар мавзӯъҳои "Инъикоси мушкилоти мубориза бо шиканҷа” ҷиҳати иҷроиши Нақшаи миллии амалҳо барои иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа барои солҳои 2019-2022, пешниҳод амояд.

Матни қаблан омодашуда пазируфта мешавад. Забони пешниҳоди мавод: русӣ ва тоҷикӣ.

Вақт ва макон: 21 октябри соли 2021 дар Душанбе (ҷои баргузории аниқ, ҳангоми тасдиқ намудани иштирок ба тариқи хаттӣ огоҳ карда мешавад).

Оғоз: 09.00. 

Иштироки худро бо нишон додани номи пурраи худ, номи ВАО ва вазифаи худ тавасути почтаи электронӣ - notorturetjk@gmail.com  бо матни мактуб: "ВМКБ_Иштирок дар семинар" тасдиқ намоед. 

Хараҷотҳое ки вобаста ба иштирок дар семинар алоқаманд аст (роҳкиро, пардохти меҳмонхона, вобаста ба сафари хизматӣ ва ғ.) пардохт карда НАМЕШАВАД. 

Ташкилоти ҷамъиятии "Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон"