Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Манъи мутлақи шиканҷа - яке аз меъёрҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипи ҳатмии jus cogens мебошад, ки ба ҳеҷ гуна истисно роҳ намедиҳад. Он арзиши олии шаъну шарафи инсонро инъикос мекунад ва дар ҳуҷҷатҳои калидии СММ - Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Конвенсияи зидди шиканҷа сабт шудааст.
Дар ин система институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши махсус доранд. Онҳо назорати ҷамъиятиро таъмин месозанд, шаффофияти амалҳои давлатро боло мебаранд ва ҳамчун пайванди байни ҷомеа ва ҳукумат хизмат мекунанд. Вазифаи онҳо - на танҳо сабти қонуншиканиҳо, балки мусоидат ба татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар сатҳи миллӣ мебошад.
Барои Тоҷикистон, ки ба шартномаҳои асосии байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон ҳамроҳ шудааст, рушди иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мониторинги манъи шиканҷа самти муҳими таҳкими ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ мебошад. Ҳадафи ин мақола таҳлили нақши ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар таъмин ва мониторинги манъи шиканҷа, инчунин омӯзиши имкониятҳо ва монеаҳои мавҷудаи онҳост.
Стандартҳои байналмилалӣ
Манъи шиканҷа дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон (моддаи 5) низ зикр шудааст ва барои ҳамаи давлатҳо ҳатмӣ ба шумор меравад. Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ин принсипро (моддаи 7) такрор мекунад ва кишварҳоро уҳдадор менамояд, ки ҳимояи муассири ҳуқуқии қурбониёнро таъмин созанд. Кумитаи ҳуқуқи инсон таъкид мекунад, ки кори ҷомеаи шаҳрвандӣ - манбаи асосии маълумоти боэътимод дар бораи шиканҷа ва унсури муҳим дар татбиқи тавсияҳои байналмилалӣ аст.
Санади асосӣ Конвенсияи зидди шиканҷа (соли 1984) мебошад, ки давлатҳоро вазифадор мекунад, то аз шиканҷа пешгирӣ, ҳама гуна маълумот оид ба онҳоро тафтиш ва дастрасии ҷабрдидагон ба адолати судиву ҷубронро таъмин намоянд. Дар ин замина, нақши ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва нозирони мустақил беҳад муҳим мегардад.
Протоколи факултативӣ ба Конвенсия механизми пешгирикунанда - системаи боздидҳои мунтазам аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва талабот барои таъсиси механизми миллии пешгирикунанда (ММП)-ро муқаррар намуд. Протокол мустақилияти ММП-ро пешбинӣ менамояд ва иштироки коршиносони ҷомеаи шаҳрвандиро имконпазир мегардонад, зеро хусусан онҳо шаффофият ва боварӣ ба мониторингро таъмин мекунанд.
Пурра намудани Эъломия дар бораи ҳимоятгарони ҳуқуқ ва қарорҳои Шурои ҳуқуқи инсони СММ, ки тасдиқ мекунанд: иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии шиканҷа - ҳуқуқ не, балки унсури зарурии системаи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ аст.
Қонунгузории Тоҷикистон
Асоси ҳуқуқиро барои фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Конститутсия ва Қонун "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" ба танзим медароранд. Масалан, моддаи 28-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандонро ба иттиҳодия муқаррар мекунад: "Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок кунанд, озодона ба онҳо шомил ва аз онҳо хориҷ шаванд". Ин муқаррарот барои иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар мониторинги риояи ҳуқуқи инсон ва манъи шиканҷа замина фароҳам меорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" аз соли 2007 (бо тағйироту иловаҳо) - таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро танзим мекунад. Тибқи моддаи 4-и ин қонун, шаҳрвандон ҳуқуқи мустақилона, бе иҷозати пешакии мақомоти давлатӣ таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин шомил шудан ва аз онҳо хориҷ шуданро доранд. Дар моддаи 5-и ин қонун иттиҳодияи ҷамъиятӣ ҳамчун иттиҳодияи ихтиёрӣ, худидоракунанда ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон, ки дар асоси манфиатҳои умумӣ таъсис дода шудааст, муайян карда мешавад. Қонуни мазкур бо ин васила мақоми ҳуқуқии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқро ба расмият медарорад ва имконияти ҳуқуқии фаъолияти онҳоро муқаррар мекунад.
Ин меъёрҳо ҳуқуқи шаҳрвандонро барои таъсиси ташкилотҳои ҷамъиятӣ кафолат медиҳанд ва мақоми ҳуқуқии ТҒД-ро ҳамчун иттиҳодияҳои мустақилу худидоракунанда муайян мекунанд. Ҳамин тариқ, шартҳои зарурӣ барои иштироки ТҒД дар мониторинги риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла манъи шиканҷа аз ҷиҳати ҳуқуқӣ устувор карда шудаанд.
Тавсияҳои СММ
Кумитаи зидди шиканҷаи СММ соли 2018 оид ба вазъият дар Тоҷикистон нигаронии ҷиддӣ изҳор карда, тавсия дода буд:
- ҳимояи қубониёни шиканҷа, адвокатҳои онҳо ва ҳимоятгарони ҳуқуқ аз фишор;
- васеъ кардани дастрасии гурӯҳҳои мониторингӣ ба ҳамаи ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, аз ҷумла муассисаҳои рӯҳиву равонӣ;
- дастгирии кори ТҒД-и мустақил ва кафолат додан, ки онҳо метавонанд бидуни дахолати ҳукумат мониторинг гузаронанд.
Кумитаи СММ инчунин ба зарурати таъмини дастрасии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх барои мониторинги муассири шароити нигоҳдории маҳбусон таъкид кард. Он тавсия дод, ки Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа тасдиқ ва механизми миллии пешгирикунанда барои таъмини назорати мунтазами пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона таъсис дода шавад.
Нақшаи миллии амал барои солҳои 2019-2022
Дар посух ба ин тавсияҳо, Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи миллии амалро барои татбиқи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа тасдиқ кард. Он се уҳдадории асосиро дар бар мегирифт:
- Иттилоъноксозии оммавӣ. Нақша мунтазам огоҳ кардани шаҳрвандонро дар бораи натиҷаҳои тафтишоти аризаҳо оид ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, инчунин дар бораи қарорҳои судии баровардашуда пешбинӣ мекунад. Барои ин аз сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ ва васоити ахбори омма истифода бурда мешавад. Чунин тадбир ба баланд бардоштани шаффофияти системаи ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти эътимоди ҷомеа равона шудааст.
- Амалисозии мониторинги ҷойҳои нигоҳдорӣ. Гурӯҳи мониторингӣ нақша дорад, ки фарогирии ҳамаи ҷойҳои нигоҳдории пешакӣ ва боздошт, аз ҷумла муассисаҳои тиббиро васеъ намояд. Ба гурӯҳ мутахассисони ихтисосҳои гуногун шомил карда шуда, инчунин боло бурдани тахассуси онҳо баҳри самараноктар муайян кардани қонуншиканиҳову пешниҳоди тавсияҳо барои беҳтар кардани шароити нигоҳдорӣ пешбинӣ гардидааст.
- Тақвияти мониторинги байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба. Лоиҳаи созишномаи ҳамкорӣ бо Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ин созишнома имкон медиҳад, ки мубодилаи таҷриба, усулҳои назорат ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба муносибат бо маҳбусон анҷом дода шавад.
Натиҷаҳо ва хулосаҳо
Барои баланд бардоштани самаранокии назорат зарур аст:
- кафолатҳои боэътимоди мустақилияти ҳимоятгарони ҳуқуқ ва адвокатҳо;
- дастрасии пурраи ТҒД ба ҳамаи муассисаҳои шакли пӯшида;
- таъсиси механизми воқеан амалкунандаи миллии пешгирикунанда;
- омӯзиши мунтазами мутахассисони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони мақомоти қудратӣ;
- муколамаи шаффофи давлат бо ТҒД ва татбиқи амалии тавсияҳои СММ.
Бидуни ин чораҳо кафолатҳо эъломиявӣ ва назорати воқеии риояи манъи шиканҷа заиф боқӣ мемонад, ки самаранокии системаи ҳуқуқҳимоякуниро коҳиш дода, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро зери хатар мегузорад.