Мониторинг: тартиби гузаронидани экспертизаҳои тиббию судӣ муқаррар гардидааст

Мониторинг[1]: тартиби гузаронидани экспертизаҳои тиббию судӣ муқаррар гардидааст

Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.

Тибқи нишондоди гузориши ин мониторинг, ҷиҳати иҷрои зербанди 5 ва 6, банди 8-и нақша дар доираи фаъолияти гуруҳи кории назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ», инчунин таҷриба ва заминаҳои меъёрии ҳуқуқии дигар давлатҳое, ки дар онҳо соҳаи экспертизаи тиббӣ-судии мустақил фаъолият дорад, таҳлил карда шудаанд. Натиҷаи таҳлил нишон додааст, ки барои ворид намудани институти мустақили экспертизаи тиббӣ-судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурат ба тағйири заминаи ҳуқуқии танзимкунандаи ин самт вуҷуд дорад.

- Вазорат бо назардошти натиҷаҳои таҳлил, хулоса ва пешниҳодҳо, барои омода намудани лоиҳаи пешниҳодҳо барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» омодааст бо мақомоти марбутаи кишвар ҳамкорӣ намояд. Дар фармоиши муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати адлия аз 1-уми майи соли 2018, №40/402 оид ба «Тартиби ташкили ёрии тиббӣ ба шахсоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адои ҷазо менамоянд ва зери боздошт қарор доранд», инчунин тартиби низоми гузаронидани ташреҳи патологоанатомӣ ва экспертизаҳои тиббию судӣ дар ҳолатҳои фавтидан дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ муқаррар карда шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи собитсозии хулосаҳои тиббӣ-судӣ ва шаффофияти ҷараёни ин амал, бо фармоиши алоҳидаи вазорат тартиби гузаронидани экспертиза дар ҳолатҳои марги маҷбурӣ дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ мураттаб гардида, дар он гузаронидани экспертиза бо тартиби комиссионӣ, яъне бо иштироки на кам аз 3 эксперти тиббӣ-судӣ муқаррар карда шудааст,- омадааст дар гузориш.

Гуфта мешавад, ки мувофиқи меъёрҳои амалкунанда (Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи судии давлатӣ) барои ташреҳи патологоанатомӣ ва экспертизаи тиббӣ-судӣ бо розигӣ ва аризаи хешовандони фавтидагон заминаи қонунӣ мавҷуд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки мавриди гумонбарӣ ба марги маҷбурӣ, ташреҳи тиббӣ-судии ҷасад тибқи меъёрҳои амалкунанда, дар асоси қарори мақомоти ташфтишотию судӣ ба роҳ монда мешавад.

Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

 Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture!  

 

[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

 

NoTorture.Tj