Мониторинг: ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа тарҷума шудаанд

Мониторинг[1]: ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа тарҷума шудаанд

Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.

Ба навиштаи гузориши мониторинги мазкур, тибқи зербандҳои 1 ва 2, банди 12-и нақша аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва устодони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои асосии байналмилалӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа ба забони давлатӣ тарҷума ва дар шакли китоби “Маҷмӯи санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон” нашр карда шудаанд. Вобаста ба ворид намудани омӯзиши стандартҳои озодӣ аз шиканҷа дар барномаҳои таълимии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо, прокурорҳо, хизматчиёни ҳарбӣ, адвокатҳо ва ғайра ҳаминро бояд қайд кард, ки дар барномаҳои таълимӣ барои шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои судяҳо, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура мавзӯи “Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ” пешбинӣ ва мунтазам гузаронида мешаванд.

- Айни ҳол аз ҷониби кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Кодекси рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Принсипҳои асосии истифодаи қувва ва силоҳи оташфишон ба забони давлатӣ тарҷума карда шуда, нашри онҳо дар соли 2021 ба нақша гирифта шудааст,- зикр гардидааст дар гузориш.

Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

 Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture!

 

 

[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

NoTorture.Tj