Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи 11-уми июл дар шаҳри Хуҷанд ва 15-уми июл дар шаҳри Душанбе ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон” ва ФҶ “Ташаббуси ҳуқуқӣ” мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои афзалиятнок ва ҳамкориҳои амалӣ дар самти ислоҳоти системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро баргузор мекунанд.
Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур баррасӣ ва омода намудани пешниҳоду тавсияҳои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба лоиҳаи Нақшаи нави чорабиниҳо барои солҳои 2026-2030 оид ба татбиқи Стратегияи ислоҳоти системаи ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад.
Дар доираи мизҳои мудаввар ширкаткунандагон самтҳои мухталифи фаъолият дар самти системаи пенитенсиарии Тоҷикистон, аз ҷумла самтҳои зеринро баррасӣ хоҳанд кард:
- Беҳтар намудани шароити моддию маишӣ, ташкили фаъолияти меҳнатӣ ва омодагии касбии маҳкумшудагон;
- Баланд бардоштани сифати ёрии тиббӣ, рушди офиятбахшии иҷтимоию равонӣ, инчунин кори тарбиявӣ бо маҳкумшудагон;
- Татбиқи самараноки ҷазоҳое, ки бо ҷудошавӣ аз ҷомеа алоқаманд нестанд ва мутобиқшавии иҷтимоии ашхоси аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ озодгардида;
- Масъалаҳои таъминоти кадрӣ ва иҷтимоии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.
Чорабиниҳо дар доираи татбиқи Стратегияи ислоҳоти системаи ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 гузаронида мешаванд, ки яке аз самтҳои он таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ ва шаҳрвандӣ мебошад.
Ташаббуси мазкур аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва Фонди демократияи СММ (UNDEF) амалӣ карда мешавад.