Эътилофи зидди шиканҷа бо ҷавонони Суғд ду вохӯрии иттилоотонӣ баргузор намуд

Ташкилоти ҷамъиятии «Ибтидо» дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки шомили Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аст, ду вохӯрии иттилоотонӣ бо ҷавонон - дар шаҳри Истаравшан (19-уми ноябр) ва ноҳияи Ҷаббор Расулов ​​(21-уми ноябр) баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи маъракаи 30-рӯзаи «Озодӣ аз шиканҷа - ҳуқуқи мутлақи инсон. 10 сол - барои озодӣ аз шиканҷа!” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр таҷлил мегардад, гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ пешниҳоди дониш дар бораи ҳуқуқи инсон, таърих ва принсипҳои онҳо; механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон; дар бораи ташкилотҳое, ки дар Тоҷикистон ба ҳимояи ҳуқуқҳо машғуланд (аз ҷумла дар бораи Эътилофи зидди шиканҷа), инчунин ба иштирокчиён талқин намудани арзиши ҳуқуқи инсону донистани нақшашон дар ҳифзи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.

Дар чорабинӣ зиёда аз 100 нафар ҷавонон иштирок карданд. Дар рафти чорабинӣ барои иштирокчиён филми кӯтоҳ оид ба таърихи пайдоиши ҳуқуқи инсон, дар бораи таърихи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, оид ба чӣ будани ҳуқуқҳои инсон, принсипҳои онҳо, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон намоиш дода шуда, викторинаву озмунҳо гузаронида шуданд.

Иштирокчиён дар мавзӯи ҳуқуқи инсон, масалан оид ба он, ки асосгузори ҳуқуқи инсон кист, кадом созмонҳо, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ барои ҳимояи ҳуқуқи инсон кор мекунанд, вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо суол доданд. Инчунин, аз ровиён хоҳиш карданд, то бештар дар бораи ҳуқуқ ба таҳсил ва меҳнат сухан гӯянд.

Дар қисми дуюми чорабинӣ бо иштирокдорон викторинаи фарогири 20 савол оид ба ҳуқуқи инсон гузаронида шуд. Иштирокчиёне, ки натиҷаҳои беҳтарин нишон доданд, соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ (баландгӯякҳо, гӯшмонакҳои беноқил, поуербанк) гардиданд. Гузаронидани викторинаҳо дониши ҷавононро оид ба ҳуқуқи инсон мустаҳкам намуд.

Ба иштирокчиёни фаъолтар (50 нафар) тақвими Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тақдим карда шуд.