Агар ҳуқуқҳои ман нақз шаванд ва мақомоти маҳаллӣ вокуниш накунанд, ба СММ шикоят бурдан мумкин аст?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Агар ҳуқуқҳои ман нақз шаванд ва мақомоти маҳаллӣ вокуниш накунанд, ба СММ шикоят бурдан мумкин аст?

ПОСУХ: Дар моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии системаи ҳуқуқии ҷумҳурӣ мебошанд. Дар сурати номутобиқатӣ байни қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда муқаррароти ин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ мешаванд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ эътибор пайдо мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандонро барои пешниҳоди шикоятҳои инфиродӣ ба кумитаҳои дахлдори СММ эътироф кардааст.

Аз ин рӯ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар бораи нақз шудани ҳуқуқҳояшон ба СММ муроҷиат намоянд, агар мақомоти маҳаллӣ барои ҳифзи онҳо чораҳои дахлдор наандешанд. Пеш аз пешниҳоди шикоят бояд тамоми воситаҳои миллии имконпазири ҳимояи ҳуқуқ истифода шаванд, яъне шикоят ба судҳо, прокуратура ва дигар мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон. Танҳо дар сурати рад шудани қабул ва баррасии шикоят дар бораи шиканҷа ё эътибори қонунӣ пайдо кардани санадҳои судие, ки хилофи принсипи қонунӣ ва асоснокии эътирофи далелҳои шиканҷа ва таъини ҷазои одилона ба шахсони гунаҳкоранд, ҳуқуқи пешниҳоди шикояти инфиродӣ ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ ё Кумитаи зидди шиканҷа вобаста ба хусусияти нақзгардӣ пайдо мешавад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj