Суд қонеъ намудани даъвои Саодат Кулиеваро рад кард

Имрӯз, 8-уми июн Суди ноҳияи И. Сомонӣ дар бораи рад кардани даъвои Саодат Кулиева нисбати Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор баровард. Саодат Кулиева изҳор дошт, ки ҳуқуқ дорад аз болои санади судӣ шикояти кассатсионӣ пешниҳод намояд.

Тавре адвокат Абдураҳмон Шарипов хабар дод, имрӯз, 8-уми июн дар Суди ноҳияи И. Сомонӣ аз рӯи даъвои Саодат Кулиева нисбати ВКД ҶТ ва Прокуратураи генералии ҶТ мурофиаи судӣ баргузор гардид. Дар мурофиаи судӣ намояндагони ҷониби ҷавобгар - ВКД ҶТ ва намояндаи ҷониби ҳамҷавобгар - Прокуратураи генералии ҶТ иштирок доштанд.

«Намояндагони ВКД ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба Саодат Кулиева дар робита ба марги писараш Хуршед Бобокалонов изҳори ҳамдардӣ ва изҳори таассуф карданд. Баъдан, онҳо дар нишондоди худ далелҳояшонро алайҳи даъвои Саодат Кулиева баён намуда, таъкид карданд, ки дар мавриди гунаҳкор будани маъмурони милиса дар марги Хуршед Бобокалонов далел вуҷуд надорад ва аз суд хостанд, ки даъво бинобар сабаби мавҷуд набудани асосҳо рад карда шавад»,- гуфт адвокати Саодат Кулиева.

Даъвогар Саодат Кулиева ва адвокат Абдураҳмон Шарипов даъворо дастгирӣ намуда, далелҳои худро дар бораи таъмин нашудани тафтиши самаранок аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ва иҷро нагардидани тавсияҳои КҲИ СММ, ки боиси беҷазо мондани кормандони милисаи дар боздошти худсарона ва интиқоли маҷбурии Хуршед Бобокалонов ба ШВКД-и ноҳияи И. Сомонии пойтахт бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ дастдошта гардидааст, пешниҳод намуданд.

Даъвои Саодат Кулиева бо ҳалномаи суд бинобар беасос будани даъвоҳо ва бо ҳуқуқи шикояти кассатсионӣ нисбати санади судӣ рад карда шуд.

Адвокат Абдураҳмон Шарипов изҳор дошт, ки ният доранд аз болои қарори суд бо тартиби кассатсионӣ шикоят баранд.

Ёдовар мешавем, ки 22-юми феврал Саодат Кулиева ба суд бо даъвои ҷуброни зарари маънавӣ дар робита ба тафтиши бесамари ҳолати марги писараш Хуршед Бобокалонов ва иҷро нагардидани тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кард.

Дар аризаи даъвогӣ гуфта мешавад, ки тафтиши далели марги Хуршед Бобокалонов санаи 27-уми июни соли 2009 бесамар буд ва аз соли 2009 то 2012 парванда зиёда аз ҳафт маротиба қатъ шуда, дар амали кормандони милитсия нишонаҳои ҷиноят муайян нагардид.

«Ҳимояи писари ман Хуршед Бобокалонов аз шиканҷа, инчунин тафтиши саривақтӣ ва беғаразона аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда нашудааст»,- омадааст дар аризаи даъвогӣ.

Саодат Кулиева аз Вазорати корҳои дохилӣ (ҷавобгар) ва Прокуратураи генералӣ (ҳамҷавобгар) ҷуброни зарари маънавӣ талаб дорад.

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»

ОО «Независимый центр по защите прав человека»